Маълумоти охирин

ХОНА

 

xona

ХОНА, истиқоматгоҳ, манзил, маконест, ки одамон дар он ҳаёт ба cap мебаранд. Xона бо мурури замон аз ғор, заминкан, чайла, камар то ба биноҳои серошёнаи ҳозиразамон расид. Намудҳои Xона ба шароити табиию географӣ, хусусияти муносибатҳои  иҷтимоии ҷамъият, иқтисодиёт, дараҷаи ҳаёти моддию маънавӣ, анъанаҳои миллии одамон вобастаанд.

Дар асри санг одамони ҷамоаи  ибтидоӣ ғор, камар, заминкан, чайларо ба сифати истиқоматгоҳ истифода мебурдаанд. Баробари ба ҳаёти муқимӣ гузаштани одамон намудҳои Xона низ тағйир ёфтанд. Аз давраи неолит cap карда одамон аз санг, лой, хишти хом, чўб манзил месохтагӣ шудаанд.

Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон аз давраҳои қадим нахустин иморатҳо — биноҳои калони якхонгии ҷамъиятӣ ё якчанд биноҳо буданд, ки дар атрофи як ҳавлӣ ҷой доштанд. Шакли ҳа­маи биноҳо гирда ва дар мобайн ҳатман оташдоне буд. Намунаи ин гуна бнно Хонаи чубкории козашакли маданияти Калтамапор (дар Турк­манистон, ҳазораи 4 то м.) буд, ки қариб 300 м2 вусъат дошт ва дар он зиёда аз 100 кас зиндагӣ мекард. Дар миёнаҷои он оташдони асосӣ ва дар атрофаш оташдонҳои хурдтари ҳар оила ҷой доштанд. Дертар аз хишти хом биноҳои иқоматӣ бунёд мекардагӣ шуданд. Девори даруни онҳоро бо рангҳои сурх, сиҳу зард зи­нат дода, бар он нақшҳои ҳандасӣ сабт менамуданд.

Ҳаёти муқимии зироаткорон ба сохти манзил таъсир расонд. Азбаски гили зард фаровон буд, масолеҳи асосии бинокорӣ хишти хому похса гардид.

Хонаи намуди қадимтарин аз як ҳуҷраи росткунҷа иборат буд. Дари даромад дар як кунҷи девори пеш ҷойгир мешуд. Равшанӣ аз сўрохии болои дар (равзаи) вориди ҳуҷра мегардид. Дар қисми поёнии он даҳлез буд. Дар даҳлез обрез, оташдон ва мурӣ ҷойгир мешуданд. Дар мобайни девори бари пешкаҳ барои сандуқу кўрпаҳо тахмон месохтанд. Дертар тарҳи Xона тағйир ёфт. Акнун ҳуҷраҳо аз даҳлез бо девори махсус ҷудо мекарданд. Хонаҳо бо кандакории рўи чуб, гаҷ, наққошӣ оро до­да мешуданд.

Дар ох. а. 19— авв. а. 20 асосан ду хели Xона— манзили тоҷикони водинишин ва тоҷикони кўҳистон вуҷуд доштаанд. Онҳо аз рўи сохташон фарқ мекарданд. Ҳавлии тоҷикони қисми ғарбии Фарғона, Уротеппа, Самарқанд, Бухоро асосан аз ду қисм — берун ва дарун иборат буд. Дар ҳавлии берун дарвозахона, меҳмонхона дўкон ҷой мегирифт. Одатан девори биноҳоро дар болои таҳкурсии сангию таҳсинҷ аз  хишту похса мебардоштанд. Дар як қатор маҳалҳо барои мустаҳкам шудани иморат дар қатаби девор синҷ мегузоштанд. Аз болои девор пешу ақиб болосинҷ партофта сипас болорҳоро кўндаланг мехобониданд. Миқдори болорҳо маъмулан тоқ (ҳафтболорӣ, нуҳболорӣ) мешуд. Баъд васса чи­да болояшро бо бурёю алаф ё най пўшонида лои ғафс (ғурўба) мехобониданд. Сипас бо коҳгил андова менамуданд.

Хонаҳои тоҷикони водии Ҳисор ва Кўлоб аз Хонаҳои тоҷикони ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон каме фарқ мекарданд. Онҳо ду хел буданд: бинои дуҳуҷрагии дар мобайн долондор ва оддии якҳуҷрадор. Ҳар дуи онҳо пешайвон доштанд. Деворро аксаран аз похса мебардоштанд. Дар мобайни ҳуҷра чаҳдон буд, ки дар он оташ меафрўхтанд. Дуд аз су­рохии сақфи хона (мурӣ) берун мерафт.

Дар куҳистони Тоҷикистон се намуди Xона маъмул буд. Намуди аввал дар болооби дарёи Зарафшон дучор меомад. Дар қисми болооби Зарафшон Хонаҳои якҳуҷрадор, дар поёноб истиқоматгоҳи дуҳуҷрагӣ ва бисьёрҳуҷрагии дар мобайнаш айвондор ривоҷ ёфтаанд. Бисёрии Хонаҳо меҳмонхона доштанд. Сутуну дари он­ҳо кандакорӣ мешудаанд. Намуди дуюми Xона дар ҳудуди Қаротегину Вахиё дучор меояд. Xона дар ин ҷо мураббаъшакл буда, дар мобайнаш аз дарун барои нигоҳ доштани бом сутун дошт. Қариб тамоми фарши ҳуҷраро  ба ҷуз масоҳати хурди назди дар тақр. 1 м баланд бардошта бо гил меандохтанд, ки онро дўкон мегуфтанд. Дар лаби дўкон оташдон месохтанд. Дуд аз дар ё сурохии сақф (рўзан) берун мерафт.

Намуди сеюми Xона дар кўҳистони Бадахшон паҳн шуда буд. Хонаҳои ин ҷо аз се қисм —чанд (ҳуҷра), дарундализд (даҳлез) ва пехвоз (ай­вон) иборат буд. Ба сабаби сахтии иқлим ҳар се қисми Xона ба як бом пўшида мешуд, ки дар натиҷа вусъати он то ба 100 м2 мерасид. Боми чид ба панҷ сутуни мустаҳкам такя мекард. Гирдогирди чид суфа бар­дошта, пеши онҳоро андак чуқур мемонданд, ки он пойгаҳ мешуд. Дар як тарафи чид кицор месох­танд ва онро чун оташдону танур истифода ме бурданд. Боми чид ав­вал то ду тир, ки синҷи сақф буд, пўшида шуда болои тирро бо си­похч (болорҳо) мебастанд, болои сипохч каландак (васса) мегузоштанд. Болои сипохч палоч (гули қимич) рехта, баъд онро бо хок ё гилмола мустаҳкам мекарданд. Дар мобайни сақфи чид рўзан мемонданд.

Дар солҳои Ҳокимиятн Советӣ маданияти моддӣ, аз ҷумла Хонаҳои тоҷикон тағйир ёфт. Ҳоло ҷои биноҳои тангу тираро иморатҳои дорои дару тирезаи замонавӣ, фаршу шифти тахтагини бомаш шиферпўш гирифтаанд. Дар работҳои марказӣ ва маҳаллии колхозҳою совхозҳо биноҳои замонавии як ё якчанд ошёнадор бунёд мегарданд.

Ад.: Народы Сродней Азии и Казах­стана. т. 1. М., 1962; Таджики Карате- гина и Царваза, в. 11, Д., 1970.

Я. Турсупоо.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …