Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ХОҶАСАРТЕЗ

ХОҶАСАРТЕЗ

ХОҶАСАРТЕЗ, кўҳи намакест дар раёни Восеи вил. Кўлоб. 10—12 км ғарбтар аз ш. Кғўлоб ва 15 км шимолтар аз птш Восеъ, дар соҳили рости д. Яхсу (Ёғсу) воқеъ аст. Яке аз калонтарин гунбазҳои намаки ҷаҳон мебошад. Андозаи гунбаз 9X11 км; баландиаш аз с. б. 980 м ва аз сатҳи водии д. Яхсу 400 м. Ҷисми намаксанг занбурўғ монанд аст, ки гунбази он дар рўи замин воқеъ гашта, пояаш дар зери замин то таҳнишастҳои давраи юраи боло кашол ёфтааст. Ғафсии намаксанг, ки ба воситаи пармачоҳҳо муайян карда шудааст, дар қисми марказии гунбаз ва пояи он ба 2000 м ва дар канортари гунбаз аз 400 м то ба 200 м мерасад. Рўи намаксангро (дар гунбаз) қабати гаҷ (ғафсиаш 15—53 м) ва ҷисман қабати ҷинсҳои лёсмонанд (0—65 м) пўшидаанд. Кўҳи намак чуқуриҳои карстии бисёре дорад. Дар доманаи нишебиҳои шарқӣ ва ҷанубӣ чашмаҳои шўр мавҷуданд. Дар гузашта мардуми маҳаллӣ аз чашмаҳои шўри назди деҳаи Кафтархона намак мегирифтаанд. Кони намаки Xоҷасартез захираи ниҳоят калоне дорад. Аз рўи таркиб, сохт, пайдоиш ва захирааш намаки Xоҷасартез ба кони намаки Хоҷамўъмин хеле наздик аст. Кўҳи намаки Xоҷасартез аз ҷиҳати бузургӣ, баландӣ ва сохти дохилӣ ёдгории геологӣ ҳисоб мешавад.        В. Е. Елизаров.

mumin

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …