Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ШАҲРӢ

ХОҶАГИИ ШАҲРӢ

ХОҶАГИИ ШАҲРӢ, маҷмўи хдизматрасонии шаҳрӣ, корхонаҳо, иншооту шабакаҳои инженериро гўянд. Дар СССР ба он хоҷагии манзил, хоҷагии коммуналӣ, корхонаю муассисаҳои хизмати маишии аҳолӣ, нақлиёти шаҳрӣ, алоқа, савдо ва хўроки умумӣ, инчунин иншоот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, маданию таъминоти иҷтимоӣ ва ғ. мансубанд. Xоҷагии шаҳриро Советҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои калони саноатӣ идора мекунанд.

Xоҷагии шаҳрӣ дар РСС Тоҷикистон солҳои Ҳокимияти Советӣ тараққӣ кард. Аввалин хонаҳои истиқоматии 2—3-ошёна дар ш. Душанбе солҳои 30 сохта шуданд. Сохтмони манзилгоҳ, махсусан дар панҷсолаҳои 8—11-ум хеле вусъат ёфт. С. 1980 масоҳати умумии фонди манзили Шаҳрии РСС Тоҷикистон ба 13,5 млн м2 (аз он ҷумла фонди манзили ҷамъиятӣ ба 9,8 млн м2) расид. 1 янв. 1981 Советҳои маҳаллии ш. Душанбе дар ихтиёри худ 2664,0 ҳаз. м2 манзилгоҳ доштанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …