Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАЕВ Зикрулло Почоевич

ХОҶАЕВ Зикрулло Почоевич

xojaev-z-p

ХОҶАЕВ Зикрулло Почоевич (9. 5. 1916, Хуҷанд—13. 12. 1973, Душанбе), нейрохирурги советӣ, доктори илмдои тиб (1970), . проф. (1971) ,  Духтури Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1956), Ходими Хизматнишондодаи илмии РСС Тоҷикистон (1959). Аъзои КПСС аз с. 1940.

Иштирокчии Ҷанги Бузургп Ватанӣ. Солҳои 1933—39 донишҷўи Иниститутҳои давлатии тиббии Душанбе ва Тошкент. Солҳои 1939— 41 ординатори шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи республпкавии клиникии Душанбе. Баъди ҷанг ассистент, доцент ва мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Иниститути Давлатии тиббии Тоҷикистон. Солҳои 1957—65 ректорн ҳамин иниститут. Xоҷаев муаллифи 80 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз ҷумла нейрохирургия оиданд. Асосгузор ва ташкилкунандан умури нейрохирургӣ дар РСС Тоҷикистон, аъзои шўрои Комитети муҳофизати сулҳ, аъзои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5—6). Бо орденҳои Ленин, Ситораи Сурх, Ҷанги ватанӣ, 9 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ба шуъбаи нейрохирургии Беморхонаи клиникии республикавии № 3 ш. Душанбе номи Xоҷаев дода шудааст.

Ос.: Клиника и лечение язвы желудка и двенадцатиперстной кишки, «Здравоохранение Таджикистана». 1965. № 5; Динамика изменений клеточного состава спинномозговой жидкости в послеоперационном периоде при опухолях задней черепной ямки, Д., 1969; Особенности течения закрытой черепномозговой травмы в условиях высокогорья. Вопросы нейрохирургии. 1972. № 6.          Ю. В. Исҳоқӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …