Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАЕВ Файзулло

ХОҶАЕВ Файзулло

 xojaev-fayzullo

ХОҶАЕВ Файзулло (1896, Бухоро —1938), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, нахустин раиси Совети Комиссарони Халқи РСС Узбекистон аз оилаи тоҷир. Аъзои КПСС аз с. 1920. Фаъолияти революциониаш дар Бухоро cap шудааст. Аз с. 1913 дар ҳаракати ҷадидҳо ва аз с. 1916 дар ҳаракати ҷавонбухороиён иштирок кард. Баъди Революцияи Октябрь бо большевикони Россияи Советӣ алоқаи мустаҳкам баст. С. 1919 намояндаи РАСС Туркистон дар Москва. Дар баробари он намояндаи Бюрои ҷавонбухороиён дар Москва буд. Янв. 1920 раиси Бюрои марказии ҷавонбухороиёни революционер, авг. раиси Комитети революционӣ, яке аз роҳбарони шўриши мусаллаҳи халқ бар зидди аморати Бухоро. Солҳои 1920— 24 раиси Совети Комиссарони Халқ, нозири корҳои хориҷии РХСБ ва аъзои КМ ПК Бухоро. Аз с. 1922 аъзои Бюрои КМ РКП (б) оид ба Осиёи Миён а. Иштирокчии муборизаи зидди босмачиён, аъзои Совети Ҳарбии революционии гуруҳҳои қушунҳои Бухоро. Аз с. 1925 раиси СКХ-и РСС Узбекистон, яке аз раисони КИМ-и СССР, аъзои КМ ПК Узбекистон. Дар тақсимоти миллию территориявӣ ва ташкил ёфтани республикаҳои Осиёи Миёна иштирок намуд. Xоҷаевм муаллифи зиёда аз 20 асару рисола ва мақолаи илмӣ мебошад. Вакили съездҳои 12—17-уми ВКП(б), съездҳои 3—8-yмиi Советҳои СССР, аъзои Президиуми КИМ-и ССОР.

Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурх ва ордени Ситораи Сурхи Бухоро мукофотонида шудааст.

Ас.: Избр. труды, т. 1—3, Ташкент, 1970—73.    А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …