ХАЛҚИ МАЙЯ – халқи ҳиндии дар Мексика мезиста, ки шумораашон тақрибан 760 ҳазор нафар (2015), дар Белиз 20 ҳазор нафар. Забони Майя оилаи забонҳои майякиче мансуб аст. Диндорон расман пайрави масеҳият (католик), аммо то ҳол муътақидони мазҳабҳои қадимӣ низ ҳастанд. Машғулияти асосии Майя— деҳқонӣ. Халқи Майя яке аз асосгузорони тамаддуни Америка мебошанд. Майяи қадим бо деҳқонӣ, шикор, моҳигирӣ ва асалпарварӣ машғул буданд. Дар ибтидои милод шаҳрҳои калони Майя бунёд ёфтанд, ки беш аз 100-тои онҳо маълум аст. Асри 9 дар натиҷаи истилои қабилаҳои зинда бо роҳбарии толтекҳо шаҳрҳои Майя хароб шуданд.
Асри 10 дар нимчҷазираи Юкатан давлати нави Майя-толтек ба вуҷуд омада, баъдтар ба шаҳрҳо-давлатҳои мустақил ҷудо шуд ва дар солҳои 1541—40 онро испанҳо забт карданд. Табақаи ҳукмрони ҷамъият — ашрофон буданд. Майя дорои хати мураккаб буда, роҷеъ ба илмҳои ҳандаса, тиб, нуҷум маълумот доранд. Сенъати меъморӣ тараққӣ кардааст. Майя борҳо бар зидди мустамликадорони Испания шӯриш бардоштаанд.
Шаҳрҳои Майя