Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Николаев

Вилояти Николаев

Николаев, вилоят дар ҷануби РССУ. 22 сентябри 1937 ташкил шудааст. Масоҳаташ 24,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 1242 ҳазор нафар (1979). Ба 19 район тақсим шуда, 7 шаҳр, 20 птш дорад. Марказаш шаҳри Николаев. Бо ордени Ле­нин (4 ноябри 1958) мукофотонида шудааст.

Табиат. Территорияи вилоят асосан ҳамвор буда, аз Шимолу ба Ҷануб ба сӯи баҳри Сиёҳ паст мешавад (баландиаш 20— 40 м). Қисми зиёди территорияро пастхамии назди баҳри Сиёҳ ишғол кардааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Тобистонаш гарм, сершамол, зуд-зуд гармсел мевазад; ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин (июл) 27° С. Зимистонаш камбарф, чандон хунук не, ҳарорати миёнаи моҳи хунуктарин (январ) —4—5° С. Боришоти солона дар Ҷануб 300—350 мм, дар Шимол то 450 мм. Давраи нашви растанӣ 210 шабонарӯз. Соҳили баҳри Сиёҳ бо лиманҳои Буг, Березан, Тузлов, Тилигул, Днепровск машҳур аст. Дарёҳои калон: Буги Ҷанубӣ, Ингул ва Ингулец. Ҷисми шимолии Николаев сиёҳхок, ҷануб сиёҳхоки дорчинии баланд аст. Хоки мавзеъҳои соҳилҳои дарё ва баҳр қумдор. Набототи табиии даштӣ танҳо дар нишебии ҷариҳо боқӣ мондааст. Тақрибан 2%’ территорияро беша пӯшондааст (булут, баргларзон, заранг, тӯс ва ғайра). Бешаҳои Катериновск ва Вознесонск таҳти назорат ва мудофизати давлат мебошанд. Аз ҳайвонот: рӯбоҳ, заргӯш, калламуш, юрмон; аз паррандаҳо бедона,дуғ-доғ, тазарв, кабк, мурғобии ёбоӣ ва қози хокистарранг, лойхӯрак, сӯфитурғай ва ғайра дучор меояд.

Аҳолӣ. Дар Николаев украинҳо (русҳо (16,1%) ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичин миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 47,8 кас (1973). Аҳолии шаҳрӣ 57% (1973). Шаҳрҳои калонтарин: Ни­колаев, Первомайск, Вознесенск, Снигирёвка, Очаков, Новый Буг ва ғайра.

Хоҷагӣ. Соҳаҳои асосии саноат — мошинсозӣ, коркарди металл ва аз он ҷумла киштисозӣ. Дизелҳо, гид­роаппаратура, таҷҳизоти мураккаби энергетики, конструксияҳои металлӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад. 3аводи «Дормашина» (Николаев), булдозерҳо, мошинҳои асфалтхобонӣ ва дигар мошинҳои роҳсозӣ мебарорад. Баъди ҷанг заводи «Фрегат»-и Первомайск, заводи сементи Олипанск ва ғайра сохта шуданд. Саноати хӯрокворӣ низ та­раққӣ кардааст (34% истеҳсоли гӯшт, шир, орд, консарва ва қандро ташкил медиҳад). Дар районҳои ҷануби вино, обҳои минералӣ (Снигирёвка) истеҳсол мекунанд. Комбинаи трикотажӣ, фабрикаҳои дӯзандагию пойафзол, заводи канаб мавҷуданд. Саноати масолеҳи бинокорӣ 5,9% маҳсулоти саноатиро медиҳад (блокҳои деворӣ,семент, оҳак, хишт, санги хоро ва ғайра).

Дар ноҳияҳои соҳили баҳри Сиёҳ зироати техникӣ ва чорвои гӯшту ширдеҳ парвариш карда мешавад. Соли 1974 Николаев 108 совхоз, 221 колхоз ва 7 колхози моҳидорӣ дошт. Дар вилояти гандуми тирамоҳӣ, ҷави баҳорӣ, ҷуворимакка, офтобпараст, лаблабуи қанд кишт мекунанд. Боғдорӣ, токпарварӣ ва обчакорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Соҳаи асосии чорводорӣ — парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ. Парвариши хук, гӯсфанд ва мурғ низ тараққӣ кардааст. Аз баҳри Сиёҳ, аз лиманҳо ва дарёҳои Буғи Ҷанубӣ, Илгул ва Ингулес моҳӣ медоранд. Тӯли роҳи оҳан 760 км (4973). Дарозии роҳи автомобилгард 8,0 ҳазор км. Аз территорияи Николаев роҳи оҳан Николаев — Знаменка (вилоятро бо Москва, Киев ва дигар шаҳрҳо мепайвандад), Одесса—Вознесенск—Бахмач—Москва ва ғайра мегузарад. Нақлиёти баҳрӣ аҳамияти калон дорад. Николаев ва Очаков шаҳрҳои бандарианд. Буғи Ҷанубӣ, Ингул ва Ингу­лец (дар поёноб) киштигарданд. Николаев бо бисёр шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ бо роҳи ҳавоӣ алоқаманд аст. Соли таҳсили 1914—1915 дар территорияи вилояти 740 мактаби маълумоти умумӣ, асосан мактаби ибтидои (қариб 68 ҳазор -талаба, 4 омӯзшигоҳи миёнаи махсус буд, мактаби олӣ набуд. Соли 1972 дар 611 муассисаи томактаби 51,5 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Соли таҳсили 1973/74 дар 872 мактаби маълумоти умумӣ қариб 213 ҳазор, дар 32 омӯзишгоҳи касбҳои техники 14,4 ҳазор, дар 15 омӯзишгоҳи миёнаи махсус 15,2 ҳазор хонанда таҳсил мекард. Дар институтҳои киштисозӣ ва педагогӣ (Николаев), дар факултети умумитехникии Институти технологии саноати яхдини Одесса (Первомайск), факултети инженерони сохтмони Институти инженерони сохтмони Одесса ва дар факултети маданӣ-маърифатии Институти маданияти Киев (Николаев) 11,9 ҳазор сту­дент таҳсил мекард.

Дар Николаев шӯъбаи Саррасадхонаи аст­рономии АФ СССР воқеъ аст. То 1 январи 1973 дар Николаев 676 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ ва Музеи санъати бадеии ба номи В. В. Верешагин (дар Николаев), театри драмаи русӣ, Театри драмаи мусиқии украинӣ, Театри лухтак, 658 клуб, 826 дастгоҳи кинонамоишдидӣ, 21 хонаи пионерон, 13 мактаби спортии бачагона ва ғайра кор мекарданд.

Газетаҳои вилоятӣ ба забони ук­раинӣ «Пiденна правда» («Ҳақиқати ҷануб», аз 1917), газетаи комсомолии «Лешнске племя» («Насли ленинӣ»), аз 1920, ба забони русӣ «Юж­ная правда» (аз 1038) нашр мешаванд. Аз Москва ва Киев барномаҳои радио ва телевизион шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То 1 январи 1973 дар Николаев 124 муассисаи табобатии дорои 12,6 ҳазор кат буд (10,7 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), 2,7 ҳазор духтур кор мекард (1 духтур ба 434 нафар аҳолӣ). Николаев санаторияю хонаҳои истироҳатӣ дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …