УЗВҲОИ НУТҚ, дастгоҳи нутқ, маҷмӯи узвҳои одамиро гӯянд, ки ғайр аз вазифаи асосии физиологии худ барои сохтани овозҳои нутқ низ хидмат мекунанд. Узвҳои нутқ ду гурӯҳанд: узвҳое, ки дар овозсозй иштироки бевосита надоранд, вале ба он мусоидат мекунанд ва узвҳое, ки дар овозсозӣ бевосита иштирок доранд. Узвҳои гурӯҳи аввал инҳоянд: 1) хирной; 2) шуш; 3) диафрагма. Ин се узв дастгоҳи нафасро ба вуҷуд меоранд. Вазифаи асосии дастгоҳи нафас аз ҳаво таъмин намудани организм (махсусан дар ҷараёни нутқ) мебошад. Узвҳои гурӯҳи дуюм дастгоҳҳои садо ва овозро ба вуҷуд меоранд. Дастгоҳи садо иборат аз ду узв аст: ҳалқ ва садопардаҳо. Ҳалқ аз чор тағояки асосӣ ва пӯшиши онҳо сохта шудааст: а) тағояки ангуштарӣ; б) тағояки сипаршакл; в) тағоякҳои кафлесшакл; г) тағояки забоншакл. Садопардаҳо ду чини дохилии ҳалқ буда, ба ду лаби ба таври уфуқӣ муқобили якдигар хобида шабоҳат доранд. Роғи байни ин ду парда сӯрохии садо ном дорад. Садо дар натиҷаи ларзиши муназзаму мусалсали (мудавварн) садопардаҳо, ки аз таъсири фишори ҳавои аз шуш оянда ба амал меояд, дар шакли мавҷҳон овозӣ ҳосил мешавад, ки мо онро дар сурати лаҳн дарк мекунем.
Овозҳои нутқ дар натиҷаи кори узвҳои овозсоз (ё дастгоҳи овоз), ки дар ковокиҳои гулӯ, бинӣ ва даҳон амал мекунанд, ба вуҷуд меоянд. Узвҳои овозсоз ду хел мешаванд: фаъол ва ғайрифаъол. Узвҳои фаъол: забон, лабҳо, пардачаи ком, забонча, садопардаҳо мебошанд. Узвҳои ғайрифаъол: дандонҳо, комисахт. Ҳаракати узвҳои нутқ ҳангоми овозсозӣ тавлиди овоз ё мухтасаран тавлид номида мешавад. Хусусиятҳои овозҳои нутқ, ки ба кори узвҳои овозсоз вобаста мебошанд, хусусиятҳои тавлидӣ ва он қисми фонетика, ки бо таҳқиқи ин хусусиятҳо сарӯ кор дорад, фонетикаи тавлидӣ ном дорад.
Г. Хаскашев.