Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Неъматулло

УСМОНОВ Неъматулло

УСМОНОВ Неъматулло (таваллуд 6. 1.1929, Самарқанд), ҷарроҳи советии тоҷик, доктори илми тиб (1969), профессор (1970). Ходими Хизматнишондодаи Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1979).
Баъди хатми Институти тиббии Самарқанд (1950) то соли 1952 ординатори клиникаи ҷарроҳияи умумии ҳамон институти буд. Муаллими мактаби фелдшерию акушерии Самарқанд (1952—53), ординатор, аспирант, ассистент ва досенти кафедраи ҷарроҳияи умумии Институти тиббии Тоҷикистон (4953—64). Аз соли 1970 мудири кафедраи ҷарроҳияи умумии Институти тиббии Тоҷикистон. У муаллифи зиёда аз 80 асари илмист. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои патологияи ҷарроҳӣ (ғадуди сипаршакл, шуш, ҷигар, роҳҳои талха, меъда, бемориҳои фасодноки бофтаҳои нарм ва ғайра) оиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …