Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Ҳайдар

УСМОНОВ Ҳайдар

УСМОНОВ Ҳайдар (1885, деҳаи Шайхбурҳони уездн Хуҷанд—15. 8. 1956, ҳамон ҷо), яке аз нахустин командирони қисмҳои миллии Армияи Сурх дар Осиёи Миёна. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КЛСС аз соли 1917. Соли 1916 дар шуриши меҳнаткашони Хуҷанд иштирок кард. Барои ин кораш ҳукумати подшоҳӣ ӯро ба корҳои ақибгоҳ ба Украина фиристод, ки дар он ҷо дар заводи паровозсозии Харков кор кард. Соли 1917 Усмонов гурехта ба ватанаш омад.
Дар давраи Ҷанги граждани дар Осиёи Миёна дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кард. Соли 1918 ҳамчун командири эскадрон бар зидди дастаҳои босмачиён дар Самарқанд ҷангид. Солҳои 1919—20 бар зидди дастаҳои босмачиёни Фаргона мубориза бурд. Солҳои 1921—23 сардори отряди савораи шӯъбаи милисияи шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 1922—23 отряди Усмонов дар торумор кардани дастаҳои босмачиёни Холбӯта дар уезди Уротеппа ва дастаи ғоратгарони Раҳмонқул дар Ашт иштирок кард. Солҳои 1924—25 командири яке аз қисмҳои миллӣ дар Самарқанд ва Каттақӯрғон буд. Соли 1925 командири отряди ихтиёрии Управленияи уездию шаҳрӣ ва округии милисияи Хуҷанд таъин гардид. Соли 1929 ба нафақа баромад.
Бо орденҳои Байрақи Сурх ва Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Узбакистон мукофотоннда шудааст.
А. Қодирбв, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …