Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри УРГАНҶ

Шаҳри УРГАНҶ

УРГАНҶ, (то соли 1929 Янги Урганҷ), шаҳр, маркази вилоят Хоразми РСС Узбакистон. Дар соҳили чапи дарёи Аму, дар хатти роҳи оҳан Чорҷӯй — Қунғирот воқест. Аз байни шаҳр канали Шават мегузарад. Аҳолиаш 113 ҳазор нафар (1984).

urhanj

Дар Урганҷ заводҳои пахтатозакунӣ, таъмири экскаватору моторҳо, масолеҳи бинокорӣ, комбинатҳои чӯбгарӣ ва хонасозӣ, фабрикаҳои дӯзандагӣ, шоҳибофӣ ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мавҷуданд. Институти педагогӣ, техникумҳои гидромелиоративӣ ва сохтмон, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва мусиқӣ, театри драмаю мусиқӣ, маркази телевизион, хонаи маданият, клубу китобхонаҳо дорад. Урганҷ соли 1646 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …