Маълумоти охирин
Главная / Биология / УРЕТРИТ

УРЕТРИТ

УРЕТРИТ, илтиҳоби шадид ё музмини пардаи луобии пешоброҳаро гӯянд. Ба Уретрит бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Одатан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Уретрит метавонад сӯзокӣ, трихомонадӣ ва номахсус шавад.
Уретрити шадид баъди як чанд шаборӯз (ҳангоми сӯзок 3—4, ҳангоми трихомоноз ва Уретрити номахсус баъди 5—20)-и сироят ёфтан оғоз меёбад; аз пешоброҳа мадда мебарояд ва ҳангоми пешоб кардан дарди сахт ҳис мешавад. Уретрити музмин дар натиҷаи пурра муолиҷа накардани Уретрити шадид ба вуҷуд меояд. Кам ё тамоман наомадани мадда аз пешоброҳа ва дарду хориш кардани он аломатҳои Уретрити музмин мебошанд. Простатит (илтиҳоби ғадуди простата) тангшавии пешоброҳа, эпидидимит (илтиҳоби зоиди хоя) бодҳои уретрит меоошавд. Уретритро бо роҳи тадқиқи микроскопии моеъоти аз пешоброҳа омада (уретроскопия) ташхис мекуванд.
Муолиҷа: антибиотикҳо, сулфапиламидҳо (ҳангоми трихомоноз — трихопол), бисёр нӯшидан, худдори аз истеъмоли хӯрокҳои талху тунд, ба пешоброҳа гузаронидани дору. Оид ба пешгирии Уретрит нигаред Сӯзок.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …