Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ яке аз навъҳои хеле паҳншудаи университетҳои ҳалқӣ — муассисаи маданию маърифатии ҷамъиятии дастраси умум, ки савияи маълумот ва маданияти меҳнаткашонро баланд мебардоранд. Нахустин Университетҳои маданият (адабиёт ва санъат) дар СССР соли 1958 ба вуҷуд омаданд, минбаъд ба монанди онҳо оид ба соҳаҳои дониш университетҳо ба кор сар карданд. Дар ҳайатн Университетҳои маданият факултетҳои театр, мусиқӣ, санъати кино, адабиёт, санъати тасвирӣ ҳастанд. Университетҳои маданият бо ташаббуси ҷамъияти «Дониш» (ва шӯъбаҳои он), ташкилотҳои комсомол ва иттифоқи касаба, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва органҳои маорифи халқ дар назди хона ва қасрҳои маданият, донишкадаҳои олӣ, мактабҳои миёна, корхонаҳо, совхозҳо ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …