Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УМАРОВ Султон Умарович

УМАРОВ Султон Умарович

УМАРОВ Султон Умарович (11. 8. 1908, шаҳри Хуҷанд —6. 5. 1964, Душанбе), физик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятии советии тоҷик, яке аз ташкилотчиёни илм дар Тоҷикистон ва Узбекистон; акад. Академияи Фанҳои РСС Ӯзбакистон (1943) ва Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1957); Ходнми Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон. Аз оилан косиб. Аъзоп КПСС аз соли 1943.
Дар Техникуми педагогии Тошкент (1923—27), Академияи педагогии Самарқанд (1927—31) таҳсил кардааст. Солҳои 1931—32 иҷрокунандаи вазифаи досент дар Университети давлатии Уэбекистон (Самарқанд), 1936—41 досенти факултети физикаю математикаи ҳамин университет, 1941—42 ҷонишини директор ва директори Институти давлатии педагогии Тошкент; ректори Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ, 1942 —43 ва 1945—50); Солҳои 1943—45 ҷонишини Раиси Комиссарони Халқии РСС Узбакистон ва дар як вақт мудири кафедраи физикаи назарии САГУ (аз соли 1949 профессор), 1950—56 мудири Шӯъбаи физикаи назарии Институти физикаю техникаи Академияи Фанҳои РСС Узбакистон; 1956—57 директори ҳамин Институт; 1957—64 Прсзиденти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон ва мудири кафедраи физикаи назарии Универститети Давлатии Тоҷикистон. Асарҳои илмии Умаров ба механикаи статистӣ, физикаи ядро, электроникаи физикӣ, назарияи асбобҳои нимноқилӣ ва фалсафаи табиатшиносӣ оиданд. Солҳои 1951—52 пазарияи Умаров оид ба қонуниятҳои намкашии пахта ва таъсири оби фурӯбурдашуда ба хосияти электрикгузаронии нахҳои вай интишор шуд. Дар заминаи назарияи статистии буғшавӣ ва адсорбсияи моеъҳо ба ҳаҷм вобаста будани бузургии электрикгузаронии нахи пахта ниа маънидод карда шуд. (Ҳодисаи мазкур дар лабораторияи Институти физикаю техникаи Академияи Фанҳои РСС Узбакистон кашф гардида, тафсири физикии онро назариётчиёни институт Умаров ва Л. Г. Гурвич ба ӯҳда доштанд). Натиҷаи тадқиқоти мазкур аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, дар асоси он дар институти мазкур асбоби ҳассоси намисанҷ сохта шуд.
Минбаъд Умаров тадқиқотро дар ҳамин соҳа давом дода, доир ба ҳодисаҳои физикии дар қабати сатҳии ҷисмҳои сахт рӯйдиҳанда як силсила мақолаҳо навишт. Дар мақолаҳои мазкур ҳисобу китоби бузургиҳои зерин ба амал бароварда шуд: масофаи миёнаи роҳи озоди электронҳои сонавӣ (дубора ҳосилшуда) дар металлҳо ва диэлектрикҳо ва эҳтимоли ба вакуум баромадани онҳо; масофаи миёнаи роҳи озоди зарраҳои газ дар сурати об андозаи зарфи газдор баробар будани бузургии вай; функсияи тақсимоти ионҳои аз сатҳи металл аксшуда вобаста ба бузургии энергияашон ва кунҷҳои байни зарраҳою рӯи металл дар сурати пароканиши чандкаратаи ионҳои мазкур ва ғайра.
Солҳои 50-ум Умаров доир ба масъалаҳои мухталифи электроникаи физикӣ ва назарияи асбобҳои нимноқилӣ 15 мақолаи илмӣ интишор кард. Аз ҷумла 8-тои он, кий дар зарфи солҳои 1954—57 ба табъ расидаанд, ба назарияи феноменологии ҳомилони ҷараёни электр дар ҷисмҳои сахт (маҳз назарияи ҳодисоти контактӣ ва электру гармигузаронй) оиданд. Чунончи, назарияи контакти нимноқил-металл барои дараҷаи ҳархелаи ионизониши атомҳои бегона (ба истилоҳ омехтаҳо) мавриди ҷамъбандӣ қарор гирифт ва ҳамвора хулосаҳои нави илмӣ бароварда шудаанд. Тадқиқоти мазкур корҳои ҳаммазмуни физики маъруфи советӣ С. И. Пекар ва шогирдони ӯро хеле инкишоф дода, натиҷаҳои онҳоро пурратар ва мукаммалтар гардонидаанд.
Соли 1957 ду мақолаи Умаров (якҷоя бо С. Ҳайдарова) чоп шуд, ки ба назарияи электру гармигузаронӣ дар нимноқилҳо оид буд. Аз ин пеш дар лабораторияи Умаров назарияи феноменологии гармию электргузаронии нимноқилҳо барои ҳолати «тафсиш»-и гази электронӣ таҳия шуда буд. Бино ба ин назария, агар аз нимноқил ҷараёни пуриқтидори электр гузарад ва ё дар даруни он майдони баландшиддати электр бошад, бузургии миёнаи энергияи кинетикии ҳомилони электр (электронҳо ё «сӯрохиҳо») хеле меафзояд. Ин ҳолати махсуси физикиро «тафсишот» ном дода буданд. Дар сурати «тафсишот» бисёр хосиятҳои физикии нимноқил (электргузаронӣ, консентрасияи ҳомилон, бузургии «кори баромад»-и онҳо ва ғайра) тағйир меёбанд. Асбобҳои нимноқилӣ одатан дар чунин шароити хос кор мекунанд. Бо вуҷуди ин назарияи онвақтаи асбобҳои нимноқилӣ ҳодисаи «тафсишот»-ро ба назар намегирифт ва дар натиҷа ба андозае номукаммал мемонд. Шогирдони Умаров назарияи мазкурро инкишоф доданд, вале дар ҳисоби онҳо тахмин мерафт, ки дар нимноқили «тафсида», фақат ба истилоҳ марказҳон пароканиши ҷинси якум вуҷуд доранд ва ҳол он ки дар асл ин тавр набуд. Дар тадқиқоти Умаров (ва ҳамкори ӯ С. Ҳайдарова) бошад, якбора ду маркази пароканиш ба ҳисоб гирифта шуд. Дар натиҷа муаллифон ба хулосаҳои нави илмӣ омадаанд. Масалан, дар сурати ба назар гирифтани фақат марказҳои пароканиши ҷинси якум ҳодисаи Эттингсгаузен (дар нимноқиле, ки дар майдони магнитии самташ нисбат ба равиши ҷараёни электр ноқулибуда воқеъ шудаст, нуқтаҳои дараҷаи ҳарораташон гуногун пайдо мешаванд) рӯй намедиҳад. Лекин дар чаҳорчӯбаи назарияи Умаров-Ҳайдарова ҳодисаи мазкур, ҳарчанд хеле суст бошад ҳам, вуҷуд дорад. Ба монанди ҳамин ҳодисоти Ҳолл, Нерст, Томсон ва дигар низ мазмуну маънии нав пайдо кардаанд.
Умаров дар соҳаи фалсафаи табиатшиносӣ (физика) ва таърихи илм (осори Абуалии Сино) низ тадқиқот бурдааст. Умаров инчунин дар драматургия қувваозмоӣ кардааст. Песаҳои «Улмас» (Театри драмаи ба номи Ҳ. Ҳамзаи Тошкент ба саҳна гузоштааст), «Улуғбек», «Одами номаълум», «Духтар дар интихоби шавҳар» ва «Файласуфи хандида» ба қалами Умаров тааллуқ доранд. Умаров шеър ҳам менавишт; баъзе шеърҳои ӯзбекии ӯ суруд ҳам шудаанд (мусиқии М. Бурҳонов).
Умаров дар ҳузури Президиуми Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон комитети махсуси терминологияро таъсис намуда ба ташаккули истилоҳоти илмии тоҷикӣ дер илмҳои табиатшиносӣ ва техника такон дод.
Умаров яке аз муассисони Академияи Фанҳои РСС Узбакистон ва Институти физикаю техникаи Академияи Фанҳои РСС Узбакистон, инчунин бунёдгузори Институтии физикаю-техникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (ҳоло Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров) буд.
Умаров вакили Съезди 22-юми КПСС, депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—6), Совети Олии РСС Узбакистон(даъвати 2), аъзои Комитети Марказии Партияи Комунистии Узбакистон ва Тоҷикистон буд. Умаров инчунин аъзои Комитети иқтисодии Совети миллатҳои Совети Олии СССР, Комитети Мукофоти ленинӣ оид ба илм ва техника дар ҳузури Совети Вазирони СССР, Комиссияи умумииттифоқии аттестасионӣ (ВАК), Совети мутобиқкунии фаъолияти илмии академияҳои республикаҳои иттифоқӣ, раиси Совети илмӣ оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи республика (СОПС) ва сармуҳаррири журнали «Маърӯзаҳои Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон» буд. Бо ордени Лелин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Советҳои Олии РСС Узбакистон ва РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асарҳо: Дӯстии абадӣ, Сталинобод, 1058; Инкишофи илм дар Тоҷикистон, Сталинобод, 1950; Ленин и развитде современной физики, Душанбе., 1960; Атом ядро энергияи, Тошкент, 1965; Избрание тр., Тошкент, 1978.
Адабиёт: Султон Умарович Умаров (1908 —64), Биограф справка и библиотека работ. Душанбе, 1965; Турсунов А., Марди некфарҷом, Душанбе, 1967; ҳамон ҷо. муаллиф, Қирони саъд, Душанбе, 1986.
А. Турсунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …