УМАР ҲОФИЗ (1844, Исфара — 1927, ҳамон ҷо), ҳофиз, бастакор ва навозандаи тоҷик. Умар Ҳофиз дар зодгоҳаш умр ба сар бурда, дар ҳамон ҷо санъати овозхониашро ба қиём расонидааст. Падараш Мулло Тошхалифа дар кори ҳунарварни писараш ҳиссаи эпбде гуаоштавст. Умар Ҳофизро сарҳофизаи Исфара меномиданд. Умар Ҳофиз дар оҳангбандиву сурудхонӣ услуби хос дошт. Вай дар пайравии «Шашмақом» ва бисёр ғазалҳои шоиронн классик оҳангҳо мебаст (бештар бар ғазалҳои Ҳофиз). Аз сурудҳои эҷодкардаи Умар Ҳофиз «Қаландари»-и якуму дуюм, «Баёт» ва «Чоргоҳ» боқӣ мондаанд, ки то ҳол дар репертуари дастаи ҳофизони Театри халқии Исфара маъмуланд.
И. Раҳимов.
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …