Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ЯКДИЛИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

ТАШКИЛОТИ ЯКДИЛИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

ТАШКИЛОТИ ЯКДИЛИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА (ТЯХОА), ташкилоти байналхалқии ҷамъиятиест, ки бо мақсади ба ҳам мутобиқгардонӣ ва пурзӯр намудани мубо- ризаи озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка таъсис ёфтааст. Дар Конференцияи 1-уми якдилии халқҳои Осиё ва Африка (26 декабри 1957—1 январи 1958, Қоҳира) бо номи Совети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка ташкил шуд ва дар Конференцияи дуюм (апрели 1960, Конакри) номи ТЯХОА-ро гирифт. ТЯХОА тақрибан 80 ташкилот, партияҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ, комитетҳои якдили ва ғайраро муттаҳид менамояд.

Комитети советии якдилли мамлакатҳои Осиё ва Африка аз рӯзи таъсис ёфтани ТЯХОА аъзои он аст. Органи олии ТЯХОА—Конгресс (дар се сол як маротиба даъват мешавад). Органҳои роҳбарикунанда — Совет (бо иштироки намояндагони тамоми аъзоёни ТЯХОА) ва Президиум (сессияи Совет соле як маротиба ва сессияи Президиум соле ду маротиба даъват карда мешавад). Органи иҷроияаш Котиботи доимӣ. Котиби генералӣ Н.А.Раззоқ, (Ироқ) мебошад.

Қароргоҳаш ш. Қоҳира.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …