Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович (1918, раёни Болшереченски вилояти Омск), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Аъзои КПСС аз соли 1954. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Соли 1948 факултети таърихи Уничерситети давлатии Осиёи Миёна (Тошкент)-ро хатм намуд. Баъд дар институти театрию рассомӣ, Мактаби ҳаракати иттифоқҳои касаба ва институтиҳои педагогии ба номи В. Г. Белинский ва Низомии Тошкент кор кард. Солҳои 1964—72 ходими калони илмии институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, доценти институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ИДПД), мудири кафедраи таърихи СССР ва таърихи умумии институти давлатии педагогии Қаршӣ буд. Аз соли 1972 профессори кафедраи таърихи умумии ИДПД. Тадқиқоти Тухтаметов ба масъалаҳои таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сйёсии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекҳо ва қарақалпоқҳо оид аст. Тухтаметов муаллифи бештар аз 80 мақола ва асарҳои илмист. Дар тайёр намудани кадрҳои миллӣ барои республика саҳми калон дорад.
Осор: Русско-бухарские отношения в конце XIX— начале XX вв. Победа Бухарской народной революции, Ташкент, 1966; Россия и Хива в конце XIX—начале XX вв. Победа Хорезмской народной революции, Москва, 1969; Россия и Бухарский эмират в йачале XX в., Душанбе, 1977.
Я. Сангинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …