Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНОВ Назирҷон Очилович

ТУРСУНОВ Назирҷон Очилович

ТУРСУНОВ Назирҷон Очилович (таваллуд 12. 8. 1942, шаҳри Ленинобод), этнограф-муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1980), профессор (1981). Аз оилаи хизматчӣ.
Аъзои КПСС аз соли 1981. Факултети таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинободро хатм кард (1964). Аз соли
1969 муаллими калон, досенти кафедраи таърихи СССР-и ИДПЛ, 1976 —80 доценти ИДПЛ, аз соли 1981 профессор кафедраи таърихи СССР-и ҳамон институт. Тадқиқоти Турсунов ба ҳалли масъааҳои топографияи таърихӣ, сохти шаҳрҳо ва деҳаҳо, ҳайати этникии аҳолӣ, касбу ҳунар, тиҷорат, деҳқонӣ ва чорводорӣ, таърихи ташаккули шаҳриёну деҳотиён дар охири асрҳои миёна ва замони нав оид аст. Турсунов муаллифи зиёда аз 100 рисолаю мақолаҳои илмӣ ва оммавист.
Осор: Из истсфии городского ремесла Северного Таджикистана, Душанбе, 1974; Сложение и пути развития городского и селского населения Северного Таджикистана 19—начала 20 в., Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …