Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНОВ Акбар

ТУРСУНОВ Акбар

ТУРСУНОВ Акбар (таваллуд 1. 10. 1939. шаҳри Конибодом), файласуф, муарриху методологи илм ва публисисти тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1982). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1982.
Соли 1961 факултети физикаю математикаи Унверситети Давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1961—63 ходими хурди илмии Шӯъбаи физикаю математикаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, 1963—04 аспиранти шӯъбаи номбурда, 1964—67 аспиранти Институти фалсафаи Академияи Фанҳои СССР. Солҳои 1967—69 ходими хурди илмии пгӯъбаи фалсафаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон ва 1969 -79 ходими калони илмии ҳамин шуъба, 1979—86 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Аз соли 1986 директори Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Соҳаву равияҳои асосии тадқиқот ва эҷодиёти Турсунов фалсафа ва методологияи табиатшиносӣ, Таърихи илму фарҳанги асримиёнагии Шарқ. Муаллифи зиёда аз 200 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публицистӣ. Як қатор китобу мақолаҳои Турсунов ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Турсунов муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи асарҳои зерини Институтҳои Академияи Фанҳои СССР мебошад: «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974)), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бун ёди фалсафии фанҳои табиатшиносӣ»(19786), «Проблемаҳои фалсафии астрономиян асри XX» (1976), «Принсини симметрия» (1978), «Астрономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксеологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшнносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (19.83) ва ғайра.
Маърӯза ва гузоришҳои Турсунов дар осори конгрессҳои 4,5 ва 7-уми байналхалқӣ оид ба мантиқ, методология ва фалсафаи илм (Бухарест, 1971; Лондон—Онтарио, 1975; Залсбург, 1983), Конгресси 13-уми Байналхалқӣ оид ба таърихи илм (Москва, 1971), Конгресси 16-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо (Дюсселдорф, 1978), Маҷлисҳои 2-юм ва 3-юми умумииттифоқи оид ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ (Москва, 1970; 1980) дарҷ шудаанд. Аз соли 1966 узви ИЖ СССР.
Бо Грамотеи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асарҳо: Инсон, атом кайҳон, Душанбе, 1967; Марди некфарҷом, Душанбе, 1967; Коинот ва ҷараёии дониши инсон, Душанбе, 1973; Андешаи рӯзгор, Душанбе. 1975; Кайҳоншиносӣ ва эътиқоди динӣ, Душанбе, 1975; Банди фалак, Душанбе, 1976, Гориаонты космологического знания; история и современность, Москва, 1969; От мифа к науке, Москва, 1973; Философия и современная космология, Москва, 1977; Философские основаиия космологии, Москва, 1977; Основания космологии, Москва. 1979; Эволюционные процессы во Вселенной (на материале космологии), Москва. 1984.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …