Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва адиби тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми таҳсили улуми замона ба Бухоро омад ва дар ҳамон ҷо вафот кард.
Асарҳои зиёд дорад. Малеҳои Самарқандӣ чанд номгӯй таълифоти Турсуни Фарозиро зикр кардааст. Ба ин номгӯй боз «Шарҳи Фароизи Ҳуҷам», «Шарҳи «Шабистони хаёл»-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва «Шамъи шабистон»-ро илова мекунанд. Ду асари охирин аз таълифоти адабии Турсуни Фарозӣ буда, яке шарҳ ва дигаре дар ҷавоби асари Фаттоҳии Нишопурӣ «Шабистони хаёл» навишта шудааст.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …