Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУРОНҒУ

ТУРОНҒУ

ТУРОНҒУ, туронға, дарахтест аз ҷинси сафедор. Ду намуди туронғу (туронғуи кабудбарг ва туронғуи ориён) маълум аст. Туронғуи кабудбарг (Рорulus рruinosa, нигаред расм) дарахти калони сершоху баргест, ки то 15-38 м қад мекашад; асосан дар туғайзор (соҳили дарёҳои Сир, Аму ва ғайра, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ,
Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз; 350 —1950 м аз сатҳи баҳр) нумӯ меёбад. Туронғуи кабудбарг аз тухм месабзад. Аз ин рӯ, регзор ва биёбонро туронғузор кардан мумкин аст. Туронғуи ориён (Р. агiana) дарахти нисбатан хурд аст. Дар соҳили дарёҳо, канори чашмасор ва доманакуҳҳо (ҷануби Тоҷикистон) мерӯяд. Асосан дар Эрон ва Осиёи Миёна (Қароқум, Қизилқум, соҳилҳои дарёи Аму) месабзад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …