Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТРОЛЛЕЙБУС

ТРОЛЛЕЙБУС

ТРОЛЛЕЙБУС (англисӣ trolleybus, аз troley — ноқили контактӣ ва bиs — автобус), як навъ нақлиёти электрии ғайрирелсии шаҳрист. Истифодаи тролейбус дар Германия ҳанӯз дар ибтидои солҳои 80 асри 19 маълум буд. Дар СССР тролейбусҳои аввалин соли 1933 сохта шуданд.

troleybus

Соли 1934 тролейбус дар Москва ҳамчун воситаи нақлиёт ба кор даромад. Солҳои 60—70 дар бисёр шаҳрҳои калони СССР мавриди истифода қарор гирифт.
Тролейбус дар Тоҷикистон бори аввал соли 1955 ба истифода дода шуд, ки дарозии роҳи он (шаҳри Душанбе) 11 км буд. Алҳол (1987) дар республика зиёда аз 270-то тролейбус (Душанбе, Ленинобод) дар истифода мебошанд, ки дарозии умумии роҳи онҳо бештар аз 170 км-ро ташкил медиҳад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …