Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ

ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ

ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ (аз лотинӣ (trans байни, ба воситаи ва litera — ҳарф), аз як алифбо ба алифбои дигар (масалан, аз алифбои арабӣ ба тоҷикӣ, аз лотинӣ ба русӣ ё баръакс) баргардонидани матнро гӯянд. Дар транслитерасия асосан ба ҳарфҳо эътибор дода, овозҳо кам ба назар гирифта мешаванд. Масалан, калимаҳои ҳуруфоти арабии шакл, донш, др транслитерасия мешаванд. Транслитерасия аз транскрипсия бо хусусияти универсалиаш фарқ мекунад.

transliteraciya

Ҳадафи он на забони ҷудогона, балки графикаи алоҳидаест. Дар транслитерасия ба ғайр аз аломатҳои ин ё он алифбои миллӣ, аломатҳои махсуси диакритикӣ истифода мешавадд. Транслитерасия вобаста ба хусусияти забонҳо баъзе душвориҳо дорад. Масалан, баъзе калимаҳоро аз алифбое ба алифбое (масалан, транслитерасияи калимаҳои Садриддин, Одина, Москва бо ҳарфҳои лотинӣ Sadriddin Odina, Моskwa), гардондан чандон душвор нест. Вале транслитерасияи калимаҳои Дохунда, Исҳоқӣ (Dоkgunda, Ishoqi) ё транслитерасияи калимаҳои Саъдӣ ва Ҳаким ба алифбои русӣ (Саади, Хаким) душвортар аст. Аз ин рӯ ҷое, ки татбиқи транслитерасия имкон надорад, ё ғараз аз баргардонидани калима инъикоси тарзи талаффузи он бошад, аз транскрипсияи амали истифода мекунанд.
Адабиёт: 3индер Л. Р., Общая фонетика, Москва, 1979.
X. Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …