ТРАНКВИЛИЗАТОРҲО (аз лотинӣ tranquillo — тасалло медиҳам), атарактҳо, мусаккидот (доруҳои оромибахш), преоаратҳои доруӣ аз гурӯҳи воситаҳои психотропӣ, ки хосияти оромкунандагӣ доранд. Транквилизаторҳо шиддатнокии ҳаяҷон, оташинӣ, изтироб, мушавваширо кам ва тонуси мушакқои скелетиро паст карда, ба як қатор функцияҳои асабияи вегетативи таъсир мерасонанд.
Транквилизаторро барои муолиҷаи бемориҳои асабӣ (хусусан ҳангоми баландшавии тонуси мушакҳо), рӯҳӣ ва баъзе бемориҳои узвҳои дохилӣ истифода мебаранд.
Tags Дору
Инчунин кобед
САЪБА
САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …