«ТОҶНОМА» яке аз асарҳои паҳлавист, ки аз ҳикоятҳо дар бораи шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз фароҳам омадааст. Дар «Ал-Феҳрист»-и Ибни Надим зикр шудааст. Соли таълиф ва номи муаллифаш маълум нест. Ибни Муқаффаъ онро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Аз ин китоб таърихнависони араб (масалан, Ибни Қутайба, «Уюн-ул-ах- бор») дар нигориши таърихи Сосониён истифода карда, аз он иқтибоси зиёде овардаанд. М. Диловаров.