«ТОҶИКОН», асари этнографӣ ва антропологии А. Шишов, ки соли 1910 ба забони русӣ дар Тошкент ба табъ расидааст. «Тоҷикон» аз 31 боб иборат аст. Дар китоб дар бораи таъриху географияи кишвари тоҷикон, иқлим, насабу шумора, аломатҳои антропологӣ ва зисту зиндагии онҳо, зироату боғдорӣ, обчакорию чорводорӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат, дин (зардуштия, маздакия, ислом) ва расму оинҳои тоҷикон, тибби халқӣ, аҳволи занон, нигоҳубини атфол, мактабҳо, иду маросимҳои халқӣ ва ғайра маълумот медиҳад. Мувофиқи гуфтаи муаллиф тоҷикон дар ду соҳили дарёҳои Сир ва Зарафшон, кӯҳистони болооби дарёи Чирчиқ ва водии он, қисмҳон кӯҳии уездҳои Намангон. Хӯқанду Марғелони вилояти Фарғона, водии Қаротегин, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, кишвари Ҳисор, Бадахшон, аз ҷумла тоҷикони Бадахшони Афғонистон, Балх, Хулм, Қундуз, Туркистони Шарқӣ (Кошғар, Ҷоканд ва ғайра) маскан доштаанд.
Дар китоб дар хусуси масофаи байни музофотҳо, шумораи аҳолӣ, табиат, навъҳои набототу растаниҳои гуногун, нафъи онҳо ва ғайра сухан меравад. Муаллиф ба сарчашмаҳои мӯътамад такя намуда, дар бораи пайдоиши тоҷикон, мафҳуми ориён, қадимтарин наслҳои мутамаддини олам будани мардуми эронинажоди Осиёи Миёна. давлатҳои қадимтарин — Бохтар, Суғд ва Хоразм (Хева) ва ғайра маълумот додааст. Маълумоти мансуб ба истиқоматгоҳи тоҷикон (шаҳр қӯрғон, кент), сарулибос, хӯрок ва нӯшокиҳо, заминдорӣ, усулҳои истифодаи об, деҳқонӣ ва ғайра пурарзишанд. «Тоҷикон» дар асоси материалҳои фаровони этнографӣ, мушоҳидаҳои шахсии муаллиф, асарҳои олимони шарқшиноси рус ва хориҷӣ эҷод шудааст. Дар «Тоҷикон» саҳву хатоҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, ақидаи муаллиф доир ба ҷаҳонбинии теҷикон, забон ва пайдоиши онҳо баҳсталаб ва носаҳеҳанд. «Тоҷикон» қатъи назар аз камбудӣ ва хатоҳои идеологиаш, барои омӯзиши таърихи маданияти халқи тоҷик то Револютсияи Октябр аҳамияти калон дорад.
Адабиёт: Лунин Б. В., Научные общества Туркестана и их прогрессивная деятельность, Ташкент, 1902.
У. Назиров, А. Нодиров.
Tags асар
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …