ТИХОНОВ Николай Александрович (таваллуд 14. 5. 1905, Харков), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, доктори илмҳон техникӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1975, 1982). Аз оилаи хизматчӣ.
Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1950- 55 сардори саруправленияи Вазорати металлургияи сиёҳи СССР, 1955 —57 ҷонишини вазири металлургияи сиёҳи СССР. Солҳои 1960—63 ҷонишини раиси Совети давлатии илмию иқтисодии Совети Вазирони СССР— вазири СССР. Солҳои 1963—65 ҷонишиии раиси Госплани СССР — вазири СССР. Аз соли 1965 ҷонишин, 1976—80 ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони СССР, 1980— 85 Раиси Совети Вазирони СССР. Аз октябри 1985 дар нафақа. Солҳои 1961— 66 номзад ба аъзоӣ ва аз соли 1966 аъзои Комитети Марказии КПСС, 1978—79 номзад ба аъзоӣ, 1979—85 аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—11). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1951). Бо 8 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Ходими давлатӣ
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …