ТИП (аз юнонӣ typos— нақш, шакл, намуна), 1) шакл, намуди чизе, ки сифатҳои намоён дорад; 2) намуна, қолаби чизе; 3) воҳиди ченкунии объекти воқеӣ дар типология; 4) категория ё воҳиди таснифот дар омӯзиши сатҳи замин ва дигар илмҳои доир ба табиат (Типи хок, Типи иқлим ва ғайра); 5) инсони дорои сифатҳои хос, намояндаи барҷастаи синфҳо, миллатҳо ва замонҳо; 6) дар адабиёт ва санъат характери типӣ, образи бадеӣ, ки аз ҷамъбасти хулқу атвор, кирдор ва хислатҳои намоёни ботинию зоҳирии гурӯҳи одамон, синфҳо ва халқҳо ба вуҷуд омадааст. Тип ҳам хусусияти ҷамъбастӣ ва ҳам фардӣ дорад, зеро дар он хислатҳои синфӣ, иҷтимоӣ ва психологии гурӯҳи одамон ҷамъбаст мешавад. Тип баробари моҳияти амиқи иҷтимоию бадеӣ доштанаш конкретии таърихи низ мебошад. Типи қаҳрамонони асотирии Одиссей, Прометей, Эдип аз Типи Рустам, Сӯҳроб, Лайлӣ, Маҷнун ва Типи асарҳои Балзак, Толстой, Достоевский, Днккенс аз Типи осори Рабле, Сервантес, Гёте аз ҳам фарқ мекунанд. Типи бадеӣ ба категорияи типият алоқаманд аст. Ғаразнокӣ ва принципҳои синфият, партиявият, халқият ва идеянокӣ моҳияти типиятро равшан месозанд. Типият рӯйдодҳои гузаштаву ҳозираро барҷаста намоён мекунад. Масалан, Ёдгору Гулнор Типи ва килони ҳаёти ояндадори социалистӣ ва Қорй-Ишкамба Типи намояндаи синфҳои ба марг маҳкум мебошад. Типияти санъат ҳамчун ягонагии ҳақиқати характерҳои типӣ дар вазъияти типӣ, ҳаққонияти воқеият дар ҷараёни инъикоси ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, табиат ва ҳаёти инсонӣ дар ҷинсу навъҳои гуногуни адабӣ равшан ба назар мерасад. Он ба низоъҳои рӯзгор алоқаманд аст. Хусусиятҳои конкретии таърихӣ ва синфии иҷтимоӣ дорад. Типият бо талаботи ҷараён ва методҳои гуногуни адабию бадеӣ, бо қонунҳои ҳар як ҷинсу навъи адабӣ, бо хусусиятҳои услубию тасвирӣ мувофиқан ташаккул ва инкишоф меёбад. Типикунонӣ ҳам ҷамъбасти бадеӣ ва ҳам фардикунонии образҳост. Он хислатҳои намоёнтарини намояндагони синфҳо, табақаҳо, гурӯҳҳо, амалиёт, намуди зоҳирии Типи бадеиро ҷамъбаст менамоянд. Дар типикунонӣ тахайюли бадеӣ роли калон мебозад. Адабиёт ва санъати реализми социалистӣ Типиҳои барҷаста ба вуҷуд овардааст.
Адабиёт: Худойдодов В., Тип ва типикуионӣ дар эҷоди бадеӣ, Д., 1976; Ревякин А. И. Проолема типического в художественное литературе, Москва, 1969. С. Табаров.
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …