Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИМОФЕЕВ-РЕСОВСКИЙ Николай Владимирович

ТИМОФЕЕВ-РЕСОВСКИЙ Николай Владимирович

timofeev_resovskiy

ТИМОФЕЕВ-РЕСОВСКИЙ Николай Владимирович (20. 9. 1900, Москва), биологи советӣ; яке аз асосгузорони генетикаи радиационӣ, биогеосенология ва биологияи молекулавӣ. Асарҳои асосиаш ба генетика, радиобиология, биогеосенология ва назарияи эволюционӣ оиданд. Тимофеев-Ресовский (ҳамроҳи М. Делбрук) якумин модели биофизикии сохти генро ба вуҷуд оварда, роҳҳои тағйири онро пешниҳод кардааст. Аъзои президиуми Ҷамъияти умумиитифоқии генетикҳо ва селексионерҳои ба номи Н. И. Вавилов (1966), аъзои Академияи санъат ва илми Штатҳои Мутаҳидаи Америка (1973), Академияи «Леополдина» (РДГ, 1969) ва ғайра. Лауреати Мукофоти кимберовӣ оид ба генетика ва Медали тиллои «Барои саҳми босазои илмӣ дар соҳаи генетика» (Штатҳои Мутаҳидаи Америка, 1966), ва ғайра мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …