Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИББИ АВИАСИОНӢ

ТИББИ АВИАСИОНӢ

tttt

ТИББИ АВИАСИОНӢ, тибби ҳавонавардӣ, як қисмати тибро гӯянд, ки фаъолияти мутахассисони соҳаи авиацияро омӯхта, барои баланд бардоштани қобилияти корӣ, бехатар намудани парвоз ва бардамию солимии онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Тибби авиасионӣ аз физиологияи авиасионӣ (асоси назариявии Тибби авиасионӣ), гигиенаи авиасионӣ, токсикологияи авиасионӣ, психологияи авиасионӣ, биохимияи авиационӣ, экспертизаи тиббии ҳавонавардон ва ғайра иборат аст. Тибби авиасионӣ асосаи хасташавӣ (ҳангоми парвоз), мондашавии музмин, бемориҳое, ки ба баландӣ ва ҳаво вобаста аст, бемориҳои декомпрессионӣ, баротравмаҳо, фаъолияти ҳавонавардон ва ғайраро меомӯзад. Тибби авиасионӣ илми профилактикист. Вале дар як қатор ҳолатҳо духтурони ии соҳа баъзе тадбирҳои табобатӣ андешида ёрии аввалини тиббӣ (ҳангоми зарбу лат) низ морасонанд.
Тибби авиасионӣ солҳои 80 асри 19 дар Франсия ба вуҷуд омадааст. Дар Россил Тибби авиасионӣ соли 1909 пайдо шуд. Дар инкишофи Тибби авиасионии СССР саҳми И. М. Сеченов. Л. А. Орбели, В. И. Воячек, Н. Н. Спротинин, И. Р. Потров, В. В. Стрелсов, П. И. Егоров, К. Л. Хилов, А. П. Апполонов ва дигарон калон аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …