Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КОМСОМОЛӢ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КОМСОМОЛӢ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КОМСОМОЛӢ, асоси комсомол. Мувофиқи принсини истеҳсолот, дар ҷои кор таҳсили комсомолон дар сурати мавҷуд будани камаш 3 нафар аъзои ВЛКСМ ташкил карда мешавад. Дар дохили Ташкилоти ибтидоии комсомолии умумӣ, ки шумораи аъзоёни ВЛКСМ аз 20 нафар зиёд аст, гурӯҳҳои комсомолӣ ташкил карда мешаванд.

komsomol

Дар мавридҳои зарурӣ Ташкилоти ибтидоии комсомолиро дар доираи якчанд корхонаи иттиҳодияи ястеҳсолӣ, ки дар худуди як ё якчанд райони як шаҳр воқеанд, ташкил кардан мумкин аст. Органи олии Ташкилоти ибтидоии комсомоли маҷлиси комсомолӣ мебошад. Барои пеш бурдани кори ҷорӣ дар маҷлисҳо ба муддати 1 сол комитети комсомолӣ интихоб карда мешавад. Ҳуқуқу вазифахои аъзоёни камсомол дар Устави ВЛКСМ муайян шудаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …