ТЕХНИКА (аз юнонӣ techne — санъат, маҳорат) , маҷмӯи воситаҳои фаъолияти одам барои амалӣ гардонидани процессҳои истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талаботи ғайриистеҳсоли ҷамъият. Болға, дастгоҳи бофандаги, мошини буғӣ, асбобҳои андозагирӣ аз оддитарин воситаҳои Техника мебошанд. Қисман ё пурра иваз кардани функцияҳои истеҳсолии инсон (ҷисмони ва фикрӣ) мақсади асосии Техника аст. Техника меҳнати ҷисмониро сабук карда, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорад, барои офаридани сарватҳои моддӣ ва маишӣ, истеҳсолу интиқол ва табдили энергия, тадқиқи қонунҳои инкишофи табиат ва ҷамъият, инчунин дар нақлиёт ва алоқа; ҷамъкунӣ, нигаҳдорӣ, таҳлил ва интиқоли ахбор, хизмати маиши, идораи ҷамъият, мудофиа ва ғайра истифода мешавад. Техника аз рӯи таъиноташ истеҳсолӣ (аз ҷумла энергетикӣ) ва ғайриистеҳсолӣ (хизмати маишӣ, тадқиқоти илмӣ, маориф ва маданият, ҳарбӣ, тиббӣ ва ғайра) мешавад. Аз ҷиҳати истифода Техникаи истеҳсолӣ (мошин, механизмҳо, афзор, дастгоҳҳои идораи мошинҳо ва процессҳои технологӣ, бино ва иншоотҳои истеҳсолот, роҳ, пул, канал, воситаҳои нақлиёт, коммуникация, алоқа ва ғайра) қисми асосии воситаҳои техникист. Муҳимтарин олати техникии ҳозира Техникаи энергетикӣ мебошад. Техникаи коммуналӣ ва хизмати маишӣ (мошинҳои коммуналӣ, яхдонҳо, телевизорҳо ва ғайра), Техникаи нақлиёт (автомобилҳои сабӯкрав, мотоциклҳо ва ғайра), Техникаи опортӣ (автомобилҳои пойга, олатҳои спортӣ ва ғайра), Техника барои маориф ва маданият (воситаҳои техникии таълиму тарбия, саҳна, кино ва ғайра) аз қабили Техникаи ғаириистеҳсолӣ мебошанд. Техникаи ҳарбӣ, ки барои таҷҳизонидани қувваҳои мусаллаҳ бо аслиҳаҳои ҳуҷум ва мудофиа (танкҳо, артиллерия, киштиҳо ва ғайра) таъин шудааст, гурӯҳи махсуси воситаҳои техникиро ташкил медиҳад.
Аз оддитарин олатҳои ҷамоаи ибтидоӣ то таҷҳизоти мукаммали автоматӣ — чунин аст роҳи тараққиёти Т. Ихтирои мошини бофандагӣ ва мошини буғӣ боиси табоддулоти саноатӣ (охири асри 18— ибтидои асри 19) шуд, ки он процесси аз усули истеҳсоли мануфактурӣ ба усули истеҳсоли мошинӣ гузаштанро тезонид.
Охири асри 19 ҷои мошинҳои бутиро тадриҷан муҳаррикҳои дарунсӯз гирифтанд. Муҳаррикҳои дарунсӯз аз муҳаррикҳои буғӣ беҳтар ва сермаҳсултаранд. Чунин мӯҳаррикҳо сохтани мошинҳои корӣ ва нақлиётии нав (автомобил, трактор, экскватор, самолёт, теплоход ва ғайра)-ро имконпазир гардонданд. Усулҳои нави табдили энергия бо истифодаи турбинаҳои буғӣ ва гидравлӣ, ки бо генераторҳои электрӣ якҷоя амал мекунанд, ба вуҷуд омаданд. Дар истеҳсолот корҳои асосӣ ва ёрирасонро хатҳои автоматӣ ва нимавтоматӣ иҷро мекардагӣ шуданд, ки дар он ҳо даҳҳо узвҳои муштарак амал карда, амалиёти мураккаби технологиро ба ҷо меоваранд. Техникаи автоматӣ василаи асосии афзоиши ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани сифати меҳнат гардид. Ҳосилнокӣ, боэътимодӣ ва самаранокии истеҳсолот нишондиҳанаҳои асосии Техникаи замонавӣ мебошанд. Миқдори маҳсулоти дар як воҳиди вақт истеҳсолшударо ҳосилнокии Техника меноманд. Боэътимодии воситаҳои техникӣ қобилияти дар як вақти муайян таъмин намудани истеҳсоли маҳсулоти миқдор ва сифаташ муқарраршуда ё бо талаботи технологӣ мувофиқ будани Техникаро ифода мекунад. Истифодаи самаранокии Техника ба сарфи ашёи хом, масолеҳ, сӯзишворӣ ва энергия, инчунин арзиши олатҳои ёрирасон во баста аст, ки ин ҳама шароитҳои дурусти истифодаи Техника; (таҳкурсиҳо, майдонҳои истеҳсолӣ ва ғайра)-ро фароҳам меоравд. Техникаи замонавӣ баробари таъмин кардани шароитҳои номбурда бояд ба талаботи эргономика, эстетикаи техникӣ ва экология ҷавоб дода тавонад. Амалигардонии процесси техникӣ асосан ба дараҷаи бо воситаҳои мукаммали механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот таъмин будани саноат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва ғайра вобаста аст. Афзоиши истеҳсоли намудҳон асосии воситаҳои техникие, ки барои аз нав таҷҳизонидани соҳаҳон саноати вазнин таъин шудаанд, бемайлон тараққӣ мекунанд. миқдори Техникаи хоҷагии қишлоқ, асбоб ва мошинҳои электрии рӯзгор меафзоянд ва сифатан беҳтар мешаванд. Инкишофи Техникаи замонавиро инҳо муайян мекунанд: босуръат такмил ёфтани воситаҳои техникӣ, зиёд шудани номгӯи мошин, механизм, аппарат ва асбобҳои нав; стандартизация ва унификацияи маҳсулот; инкишофи электроника, радио техника, технологияи химиявӣ, Техникаи – авиационӣ, кайҳолнавардӣ, ядро; системаҳои танзим ва идораи автоматӣ, Техникаии ҳисоббарорӣ, лазер ва ғайра. Сохтани мошинҳои мунтарак, ки якҷоя бо агрегатҳои технологӣ ба воситаҳои меҳнат ба таври автоматӣ таъсир мерасонанд, яке аз хусусиятҳои ташаккули Техникаи нимаи дуюми асри 20 мебошад. Инкишофи корҳои комплексонӣ ва автоматонии саноат ба бунёди хатҳои автоматӣ, цех ва завод-автоматҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пурсамар мусоидат мекунанд. Техникаи замонавӣ барои иҷрои меҳти фикрӣ фаровон истифода мешавад. Инкишофи электроника, кибернетика,такомулоти ҳисобмошинҳои электронӣ (ҲМЭ) барои тавассути мошинҳо иҷро намудани на фақат функцияҳои идора, балки функцияҳои фаъолияти фикрии инсон низ шароити мувофиқ фароҳам меорад. Истифодаи мошинҳои назоратии идора, ахборотию ҳисоб процессҳои баплангирӣ ва идораи истеҳсолотро беҳтар, ҳосилнокии меҳнати фикриро баланд, инсонро аз амалиётҳои душвори ҳисобкуни озод, хароҷоти аппарати идораро кам мекунад. Тараққиёти Техника, ки ба комёбиҳои илму фан асос ёфтааст, шарти асосии – прогресси илмию техникӣ мебошад. Комёбиҳои Техника дар замони ҳозира натиҷаи кашфиётҳои умдаи илм мебошанд. Инкишофи босуръати илм ва Техника, робита ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо, ба қувваи бе воситаи истеҳсолкунанда табдил ёфтани илм ҷиҳатҳои муҳимми револютсияи илмию техникии замони ҳозира метбошанд. Дар заминаи комёбиву кашфиётҳои илмӣ ҳамаи соҳаҳои Техника – сифатан тағйир меёбанд, восита ва олатҳои техникӣ, система ва усулҳои технологии истеҳсолот комилан дигаргун мешаванд; истифодаи системаҳои механиконӣ ва автоматонии комплексии истеҳсолот ва ҲМЭ авҷ мегиранд. Хоҷагии халқ сар то сар электриконида шуда, дар асоси истифодаи намудҳои маъмул ва нави энергия заминаи нави энергетикаи истеҳсолот ба вуҷуд меояд. Барои коркарди механикии металлҳо комебиҳои физика ва химияро истифода мебаранд. Инкишофи бионика имконият медиҳад, ки барои ҳалли масъалаҳои инженерӣ усулҳои биологӣ пурсамартар истифода ва дар соҳаҳои гуногуни Техника таҷрибаи табиати зинда беҳтар ба кор бурда шавад. Комёбиҳои химия ва технология барои оқилона тағйир додани хосиятҳои масолеҳи табиӣ, истеҳсоли масолеҳи табиӣ, истеҳсоли масолеҳи сунъи кумак мерасонанд. Бунёд ва такомулоти Техникаи кайҳонӣ боиси тараққиёти на фақат фанҳои техники, балки прогресси фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ, пайдоиши соҳаҳои нави онҳо (физика, биология ва тибби кайҳонӣ, фалсафа, психология ва ҳуқуқи кайҳони ва ғайра) низ гардиданд.
Алоқаи илму Техника на фақат шарти прогресси онҳо, балки сабаби тараққии умумии ҷамъият ҳам мебошад. Суръати прогресси техникӣ ба омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва мувофиқати муносибатҳои истеҳсолӣ ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, ки Техника узви фаъоли онҳост вобаста аст. Ташаккули Техника дар ҷамъият боиси табаддулоти иқтисоди ва иҷтимои мегардад. Масалан, истеҳсолоти мошинӣ ба афзоиши беназири ҳосилнокии меҳнат шароит муҳайё намуд, сохтани корхонаҳои калонро имконпазир гардонд. Дар ҷамъияти капиталистӣ прогресси индустрияи мошини зиддиятҳои иҷтимоиро тезу тунд менамояд. Дар ин ҷамъият, ки Техника асосан барои гирифтани фоидаи калон истифода мешавад, боиси муфлис шудани корхонаҳои хурд, қувват гирифтани истисмори синфи коргар, афзудани бекорӣ ва инфлясия мегардад. Хоҷагии плании социалистӣ бошад, имкониятҳои оқилона истифода бурдани Техникаро дорад. Техника дар ҷамъияти сосиалистӣ василаи пуриқтидори ҳаматарафа сабук гардонидани меҳнати инсон ва афзудани истеҳсоли ҷамъиятӣ мебошад.
Инкишофи Техника ва соҳаҳои он, ки бо интеграсия ва дифференсиасияи истеҳсолоти байни якчанд мамлакат алоқаманд аст, на фақат ба хусусиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, балки ба хусусиятҳои географӣ, иқлимӣ ва ғайра ҳам вобаста мебошад. Шароитҳои объективии ин ё он мамлакат боиси инкишофи саноати хоси ҳамин мамлакат мегардад. Масалан, Техникаи киштисозӣ, баҳрӣ ва бандарӣ дар Британияи Кабир, Техникаи дастгоҳсозӣ, кӯҳкорӣ ва металлургӣ дар РФГ, электротехника ва радиоэлектроника дар Япония, асбобсозии дақиқ дар Швейцария, Техникаи саноати ҷангал ва коғазу селлюлоза дар Финляндия ва ғайра. Дар мамлакатҳои социалистӣ — аъзоёни Совети ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ (СЭВ) бисёр соҳаҳои Техникаи замонавӣ бомуваффақият тараққӣ мекунанд. масалан: Техникаи энергетикӣ, маъданканӣ, металлургӣ, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва ғайра.
Тоҷикистон, ки пеш аз Револютсияи Октябр ҳамагӣ 6 корхонаи истеҳсоли ангишт, нефт ва пахтатозакунӣ дошт дар давраи Ҳокимияти Советӣ ба республикаи пуриқтидори техникӣ табдил ёфт. Ҳозир дар республика тақрибан 100 соҳаи саноат амал мекунад. Соҳаҳои нави саноати электро-энергетика, электротехника, мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ, асбобсозӣ, таҷҳизоти техникӣ барои саноати бофандагӣ, истеҳсоли яхдонҳо ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Дар республика ба василаи босуръат тараққӣ кардани илм ва Техника истеҳсолот мунтазам такмил меёбад, ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат меафзояд. Инкишофи илму Техникаи республика яке аз омилҳои инкишофи босуръати истеҳсолоти саноатӣ гардид.
Таъсири Техникаи замонавӣ ба ҷамъият на фақат дар соҳаҳои истеҳсолот ва илм зоҳир мешавад. Масалан, ташаккули Техникаи ҳарбӣ, хусусан воситаҳои стратегии он дар муносибати байни давлатҳо роли муҳим бозида ба иқтисодиёти онҳо таъсир мерасонад. Системаи маориф, маданият, маишат дар зери таъсири воситаҳои техникии мунтазам ривоҷёбанда тағйир меёбанд. Кино, телевизион, радио намудҳои нави санъатро ба вуҷуд оварданд, ба маданияти инсоният таъсири зиёд расониданд. Техникаи ҳозира дар инкишофи физкултура ва спорт, тиб ва психологияи одам мавқеи калон дорад. Ташаккули баъзе соҳаҳои Техникаи ҳозира, ки тадқиқи онҳо басо мураккаб ва серхарҷ аст, зарурати ҳамкории байналхалқиро ба вуҷуд овард. Масалан, ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион боиси ташкил шудани системаҳои Интервидение, Евровидеиие ва ғайра гардид; мутобиқгардонии ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи энергетикаи атомӣ ба ӯҳдаи Агентии байналхалқии энергияи атом аст, мамлакатҳои социалистӣ дар ташкилотхои Интерметалл (соҳаи металлургияи сиёҳ), Интерхим (истеҳсолоти масолеҳи химия), «Интерко мос» (фатҳи кайҳон) ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд.
Л. Турсунов, Т. Ҷӯраев.