Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРПЕНҲО

ТЕРПЕНҲО

ТЕРПЕНҲО, як гурӯҳ карбогидридҳоро номанд, ки молекулаашон аз чанд молекулаи изопрен (С5Н8) таркиб ёфтааст. Формулаи умумиашон (С5Н8) п = 2, 3, 4 ва ғайра.

terpenho

Аз рӯи миқдори молекулаи изопрени таркибашон Терпенҳо ба монотерпенҳо (ин пайвастро одатан терпенҳо меноманд), сесквитерпенҳо ё якунимтерпенҳо (С5Н8)3, дитерпенҳо (С5Н8)4, тритерпенҳо (С5Н8)6 (,ба ин гӯруҳ стерин ва гормонҳо дохил мешаванд), политерпенҳо (ба ин гурӯҳ гуттаперча ва каучуки табиӣ мансубанд) ва ғайра тақсим мешаванд. Терпенҳо дар ҳамаи бофтаҳои растаниҳо (равғанҳои эфирӣ, скипидар, зифт ва ғайра) моддаҳои ҳаётии бактерияю занбӯруғҳо мавҷуданд. Терпенҳо одатан якҷоя бо ҳосилаҳои оксигендорашон (спиртхо, алдегидҳо, кетонҳо, кислотаҳо ва ғайра), ки терпеноидҳо ном доранд, вомехӯранд. Аз рӯи сохташон Терпенҳо ациклӣ (силсилаи атомҳои карбони молекулаашон кушод, масалан, мирцея) ва циклӣ (як ё якчанд ҳалқаи ғайриароматӣ доранд, масалан, лимонен, камфен, пинен) мешаванд.
Терпенҳо дар об ҳалнашавандаю дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳалшавандаанд. Онҳо бо осонӣ оксид, гидролиз ва полимеризация мешаванд. Терпенҳо ва терпеноидҳоро аз ашёи табиб ё маҳсулоти химиявӣ ба даст меоранд. Терпенҳо ва ҳосилаҳои онҳо дар саноатҳои химия, парфюмерия, дорусозӣ, локу рангубор, коғаз, собун ва ғайра харҷониба истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …