Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕРМОРЕГУЛЯТОР

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР

ТЕРМОРЕГУЛЯТОР (аз термо… ва руси регулятор — танзима), таҷҳизотеро гӯянд, ки барои ба таври автоматӣ дар саннаи муайян нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино, зарф, трубопровод, кӯра ва дигар объектҳо таъин шудааст. Терморегуляторҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат, хоҷагии қишлоқ, лабораторияҳои назоратӣ ва тадқиқоти илмӣ истифода мешаванд. Онҳо асосан аз унсурҳои зерин таркиб ёфтаанд: термодатчик —зиёд ё кам шудани ҳароратро ба қайд гирифта, онро ба сигнали муайян табдил медиҳад; узви идора — сигнали аз термодатчик гирифташударо тақвият медиҳад; узви иҷро — сигнали тақвияшударо, ба узви танзимкунанда мёгузаронад, ки он дар навбати худ ҷараёни энергия (ё худ модда)-и дохил ва хориҷшавандаро танзим мекунад.

1021401705

Терморегуляторҳои амалиёташон бевосита ва бавосита мавҷуданд. Дар Терморегуляторҳои бевосита амалкунанда сигнали термодатчик бевосита ба узви танзимкунанда мегузарад. Дар Терморегуляторҳои бавоситаамалкунанда бошад, таъсири сигнали термодатчик ба узви танзимкунанда тавассути моеъ (Терморегулятори гидравликӣ), газ (Терморегулятори пневматикӣ) ва энергияи электр (Терморегулятори электрӣ) гузаронида мешавад.

Адабиёт: Юрманов Б. Н., Автоматизация систём отопления, вептиляции и кондиционирования воздуха, Ленинград 1976.

А. Сулаймонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …