Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕРЕСКЕН

ТЕРЕСКЕН

ТЕРЕСКЕН  як ҷинси буттаву нимбуттаҳост аз оилаи шураҳо. Дар СССР (ҷануби Қисми европоӣ, Сибир, Кавказ, Осиёи Миёна, аз он ҷумла РСС Тоҷикистон) 2 намуди терескен —  С. latens ва С. еvercmanianna дар маҳалҳои санглоху регзор, дашт, нимбиёбону биёбон месабзад. Июл —  август, гул карда, август— сентябр тухм мебандад. Терескен растании хуби хӯроки чорвост.

teresken

Дар Помир беш аз 1 млн га терескензор ҳаст. Терескензор чарогоҳи хуб ба ҳисоб меравад. Баргу пояи терескенро бузу гӯсфанд, аслу шутур нағз мехурад. Хошоки терескен 14,7— 18,1% протеин, 11,8—25,1% сафеда,I,    5—4,8% равған, 0,2—1,3% оҳар (крахмал), 0,6—6,1% қанд, 29,5— 42,6% моддаҳои киёмии бенитроген, 11, 9—14,9% моддаҳои минералӣ дорад. Терескени хушкро чун ҳезум ҳам истифода мебаранд.

Адабиёт: Флора Таджикской ССР. том 3, Л.,

1968; Юсуфбеков X. Ю., Касач

А.      Е., Терескси на Памире, Душанбе. 1972.

А.                                         Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …