ТЕЛЕФОН (аз теле… ва юнонӣ рhone — садо), 1) асбоби электроокустикиест барои ба лалишҳои савтӣ табдил додани лапишҳои электрӣ. Вобаста ба тарзи табдили лапиш электромагнитӣ, электродинамикӣ ва пезоэлектрӣ мешавад.
Телефонҳои электромагнитӣ бештар маъмуланд. Телефонро аппаратҳои телефон, коммутаторҳо ва асбобҳои радиотехникӣ (масалан, дар радиостанцияҳои қабулу ирсол), баъзан дар схемаҳои махсуси андозагирӣ ва ғайра истифода мебаранд. Солҳои 70 асри 20 барои назорати радиоалоқа ва қабули сигналҳои стерэфонӣ телефонҳои электродинамикӣ сохта шудаанд. 2) Исми аппарати телефонро гӯянд, ки дар рӯзгор қабул шудааст.