Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТЕГУСИГАЛПА

Шаҳри ТЕГУСИГАЛПА

ТЕГУСИГАЛПА (Теgucigalpa), пойтахти республикаи Гондурас. Аҳолиаш беш аз 500 ҳазор нафар (1984). Узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, чӯббурӣ ва тамоку. Масолеҳи бинокорӣ ва гӯгирд низ истеҳсол мешавад.

tegusigalpa

Дар Тегусигалпа университет (аз 1847), мактаби паламерикоии хоҷагии қишлоқ; Академияи Гондурас, Академили география ва таърихи Гондурас, 7 институти тадқиқоти илмӣ, Китобхонаи миллӣ (аз 1880), Музеи миллӣ за ғайра мавҷуданд. Ёдгориҳои меъмориаш: калисои ҷомеи Сан-Мител (асри 18), калисои Лос Долорес (1732—1815). Тегусигалпа солҳои 1578— 79 ба муносибати кашфи конҳои нуқра бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …