ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЖУРНАЛИСТОН (ТБЖ), ташкилоти байналхалқиест, ки иттифоқҳои миллии журналистон, гурӯҳҳои миллии журналистон ва журналиотони алоҳидаро муттаҳид мекунад. Соли 1946 дар конгресси байналхалқии журналистон, дар Копенгаген ташкил шуд. Ташкилоти байналхалқии журналистон давомдиҳандаи кори Федерацияи байналхалқии журналистон (таъсисаш 1926) ба шумор меравад. Иттифоқҳои миллии журналистони СССР, Полша, Чехословакия, Венгрия, Булгория, Румыния, РДГ, РСВ, РХМ, РДХК, Финляндия, Франция ва ғайра аъзои коллектитвонаи Ташкилоти байналхалқии журналистон мебошанд. Органи олии Ташкилоти байналхалқии журналистон конгресс, аммо дар фосилаи байни конгесҳо — комитети нҷроия.
Органи роҳбарикунандааш дар Прага воқеъ аст. Аз соли 1958 инҷониб ҳар сол 18 сентябр ба хотираи журналист ва нависандаи чех Ю. Фучик рӯзи якдилии байналхалқии журналистон қайд карда мешавад. Мубориза барои муҳофизати сулҳ, мустаҳкам намудани дӯстии байналхалқӣ ва ҳамкории халқҳо, ҳимояи озодӣ, ҳақиқат, ротсткорӣ, маҳкум кардани ҷангҷӯӣ, адовати миллӣ, нажодпарастӣ ва ғайра вазифаи Ташкилоти байналхалқии журналистон аст. Комитети иҷроияи Ташкилоти байналхалқии журналистон журналистони тамоми мамлакатҳоро ба ҳамкорӣ барои сулҳи ҷаҳон даъват мекунад. Ташкилоти байналхалқии журналистон дар ҳаракати тарафдорони сулҳ иштирок менамояд.