Маълумоти охирин

ТАЗМИН

ТАЗМИН (арабӣ—дар зимн овардашуда), як тарз ё санъати шеъргӯист иборат аз иқтибоси порчаи асари муаллифе аз тарафи муаллифи дигар бо мақсади боэътимодтар кардани фикри бикраш ва ё барҷастатар намудани каломи бадеияш.

sher

Гоҳе шоир, ба мисли Анварӣ, пораи асари пешинаи худро иқтибос оварда метавонад. Тазмин баъзан дар асарҳои ҳаҷви низ ба кор меравад. Шоире барои сарзаниши рақибаш суханони худи ӯро иқтибос меорад. Тазминро ба ду гуруҳ тақсим кардан мумкин аст: ҷузъӣ ва кулли. Гоҳе шоир як пораи асаре (ним мисраъ, як мисраъ, як байт, якчанд байт)-ро дар зимни шеъри худ меорад. Баъзан шеъри пурраи адиберо шоири дигар Тазмин мекунад — ғазал, қасида ё мусаддас мебандад. Масалан, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ нисфи мисраи «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавиро тазмин кардааст:
Кӯси шоҳӣ ҳар ки зад, набвад халос аз дарди сар,
Субҳу шом, охир, на «бонги ғулғулаш дарди сар аст?».
Ҳофиз мисраи Рӯдакиро Тазмин кардааст:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».
Шартҳои Тазмин: агар порчаи шеъри иқтибосшаванда номашҳур бошад, муаллифи онро ба тарзи латифе ишора кардан авлост, то ки гумони дуздида набаранд; агар вазну қофияи шеър тазминкунандаро маҷбур созад, баъзе калимаву таъбирҳои пораи иқтибосшавандаро тағйир дода метавонад. Шоирони забардаст Тазминро бештар барои мустаҳкам намудани мавқеи ғоявии шеъри худ ба кор мебаранд. Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …