Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ»

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ»

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ» тазкираест, ки байни солҳои 1672—79 Насрободӣ таъдиф кардааст. То соли 1703 муаллиф ба он баъзе иловаҳо дохил кардааст. Аз муқаддима, панҷ саф (боо) ва хотима иборат аст. Дар муқаддима зикри шоҳону шоҳзодагон омадааст. Сафи аввал дар се фирқа аст: фирқаи аввал дар зикри муқаррабон ва умарои Эрон; фирқаи дуюм дар зикри умаро ва хонҳои Ҳиндустон; фирқаи сеюм дар зикри вазирон, котибони шоҳ Сулаймон. Сафи дуюм дар зикри сайидон, наҷибон ва дигарон аст. Сафи сеюм дар се фирқа аст: фирқаи аввал дар зикри олимон ва фозилон; фирқаи дуюм дар зикри хаттотон; фирқаи сеюм дар зикри фақирон ва дарвешон. Сафи чаҳорум низ дар се фирқа аст: фирқаи аввал дар зикри шоирони Ироқ ва Хуросон; фирқаи дуюм дар зикри шуарои Мовароуннаҳр; фирқаи сеюм дар зикри шуарои Ҳиндустон. Сафи панҷум дар зикри хешу табори муалиф ва худи ӯ. Хотимаи «Тазкираи Насрободӣ» дар таърих, луғз ва муаммост. Маълумоти фирқаи дуюми сафи чаҳорумро Насрободӣ аз тазкиранависи машҳури асри 17 Малеҳои Самарқандӣ гирифтааст. Дар ин фирқа дар бораи 55 нафар шоирони Мовароуннаҳр маълумот ҳаст. Аҳамияти калони «Тазкираи Насрободӣ» дар он аст, ки маълумотро муаллиф дар натиҷаи мусоҳиба бо шоирон ва ё ба тариқи мукотиба гирд овардааст. «Тазкираи Насрободӣ»-ро Воҳиди Дастгирдӣ солҳои 1937—39 дар Эрон дар ду ҷилд ба табъ расондааст. С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …