Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАХТАКАНА

ТАХТАКАНА

ТАХТАКАНА (Сimex Lecturalies), шабзод, ганг, як навъ ҳашароти хунмакест аз қатори канаҳо. Таннаш паҳни дарозрӯя; дарозиаш 4,9—6,4 мм (нарина) ва 4,8 — 8,4м.м (модина); рангаш қаҳвагии сурх тоб (кирминааш зарди сафедча). Тахтакана дар истиқоматгоҳҳо, мурғхонаҳо, кабӯтархонаҳо, лонаи паррандаю кӯршабпаракҳо маскун шудааст.

habitus-of-c-lectularius-left-and-c-hemipterus-right

Тахтаканаи моддина дар тӯли ҳаёташ 200—250 (баъзан то 540) -то тухм мегузорад; баъди 17—20 шаборӯз аз тухм кирмина мебарояд, Тахтаканаи модина то 0,7 мл хунро мемакад. Оби даҳони Тахтакана хосияти карахткунандагӣ дорад ва бинобар ин ҳангоми газидан аввал кас дардро ҳис намекӯнад; баъди макидани хун, ҷои газида ба хориш омада сӯзиш мекунад. Хунмакии кирмина 3 ва Тахтаканаи болиғ 10—15 дақ давом мекунад; дар ин муддат кирмина 3—6 ва Тахтаканаи болиғ 1,5—2 баробар ҷисман калон мешавад. Тахтаканаи болиғ то 6 моҳ ва кирминааш то 1,5 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонад.
Тахтаканаро бо усулҳон гуногуни дезинфексия нест мекунанд.
Адабиёт: Валашов Ю. С., Дайтер А. Б., Кровососущие членистоногие и риккетсии. Л., 1978. Н. Мӯъминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …