Маълумоти охирин

ТАВЪАМОН

ТАВЪАМОН навъе аз хати арабии ороишист, ки дар ибтидои асри 16 пайдо шудааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, ихтироъгари он Маҷнуни Чапнавис буд. Ба гуфтаи муаррих ва хатшиноси асри 16 Қозӣ Аҳмад, Маҷнуни Чапнавис хатеро ихтироъ кард, ки аз маҷмӯи ҳарфҳои он тасвири одам, наботот ва ҳайвонот ҳосил мешавад. Хати Тавъамон аслан барои хуфиянависи истифода мешуд. Онро аксар дар варақи қатшуда ё дар ду саҳифа менавиштанд. Ҷои ҳарфҳо ба ягон тарзе, масалан, бо нӯги сӯзан ишора шуда, қисми боқимондаи ҳар ду саҳифа бо ҷӯшаи сиёҳ чунон ранг карда мешуд, ки аз саҳифаҳои алоҳида чизе хонда нашавад. Чун ҳарду кисмро ба ҳам часпонда дар рӯшноӣ бинанд, ҳарфҳо сафед намудор шуда, матн хонда мешуд. Минбаъд дигар хелҳои хати Тавъамон пайдо шуданд.

tavamon

Матн бо яке аз навъҳои ин хат аз ду тараф хонда мешавад, зеро он дар паси қисаги дигари коғаз ба таври симметрӣ такрор метардад. Хели дигари хати Тавъамон монанди тасвир ва акси тасвир (гӯб дар оинаи аз паҳлу гузошташуда мунъакис бошад) аст, ки онро хати баргардон низ меномаяд. Навъи сеюми хати Тавъамон чунон аст, ки ҳамон як ҳарф (ҷуаъҳои он) дар ду ва ё се калима хонда мешавад, яъне як калима болои калимаи дигар навишта мешавад. Қоидаи махсуси навишти ҳарфҳои хата Тавъамон вуҷуд надорад ва ҳарфҳои он аксар бо хати сулс ва настаълиқ навишта мешаванд.            Э.        Оқилов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …