Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАСМАКИРМҲО

ТАСМАКИРМҲО

ТАСМАКИРМҲО, сестодҳо, як гурӯҳ ҷонварони бемӯҳраро гӯянд. Тасмакирмҳои болир паразити рӯдаи ҷонварони мӯҳрадор ва одам мебошанд. Танашон тасмашакл буда, ба бандҳо (аз 2 то якчанд ҳазор) тақсим шудааст; дарозиашон аз якчанд мм то 20 м ва аз он ҳам зиёд. Онҳо бавуҷудоварандаи бемориҳои вазнини моҳиҳо, паррандаҳо, ҳайвоноти ширхӯр ва одам мебошавд.

kirm

Зиёда аа 3000 намудашон маълум аст. Дар Тоҷикистон дар моҳиҳо 16, паррандаҳо 200, бузу гӯсфанд 5, чорвои калони шохдор 11 ва дар одам якчанд намуди тасмакирмҳо ёфт шудаанд. Тасмакирмҳо дар одам бе мориҳои гименолепидоз, тениидоз, эхинококкоз, дифиллоботриоз ва ғайраро ба вуҷуд меоранд.
Л. Ф. Воргаренко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …