Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАРРОҲӢ

ТАРРОҲӢ

ТАРРОҲӢ, санъати тарҳкашӣ, тарҳсозӣ, лоиҳакашӣ, кашидани тарҳи бино, заминаи нақш ва амали кандакориро дар маснуот гӯянд. То замони мо якчанд тарҳу нақшҳои ҳандасии ёдгориҳои меъмории асрҳои 16—19 боқӣ мондаанд. Тарҳи нақши ҳандасӣ дафтари гиреҳ ном дошт.

tarh

Омӯзиши ёдгориҳои меъморӣ ва тарҳкашии асрҳои 10—19 нишон доданд, ки меъморон ва мусаввирони тоҷик дар кашидани тарҳ ё мусаввара аз асбобҳои андозагири дақиқ, аз ҷумла, паргор, гунёи форсӣ ва ғайра истифода мебурдаанд. Бо паргор асосан тарҳи тасвирҳои доирашакл ва нимдавра (гардиш) кашида мешуд. Дар гузашта баъзе тарроҳон ба санъати кандакорӣ ва меъморӣ низ машғул буданд. Дар ин бора байти зерин далолат мекунад, ки ба меъмори косонӣ Муҳаммад Аминхоҷа бахшида шудааст:
Хирадманду наққошу наҷҷор ҳам,
Банотарқандозу меъмор ҳам.
М. Рӯзиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …