Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРКИШИ БУЗУРГ

ТАРКИШИ БУЗУРГ

ТАРКИШИ БУЗУРГ, аз мафҳумҳои асосии косамологияи релятивист, ки сароғози таҳаввули материяи кайҳониро ифода мекунад; дар ибтидои солҳои 30 ҳамроҳа ба баррасии ҷиҳати космогонии модели релятивистии Коинот ташакул ёфтааст (Ж. Леметр, солҳои 1027—31). Бино ба амсилаи космогонии Леметр, Коинот аз се зинаи таҳаввул гузаштааст. Аввал материяи кайҳонӣ, ки аз азал дар як ҳолати аз ҳад зич ва мувозинати динамикӣ буд (Коиноти дар ин ҳолати фавқуллодаи физикӣ бударо Леметр образнок карда «тухми кайҳонӣ» ном додааст), бо сабаби номаълуми физикӣ ба ҷунбиш омада сахт метаркад ва бо суръати бузург ба чор тараф пош мехӯрад. Сонӣ суръати ҳаракати пораҳои он «тухми кайҳонӣ» суст ва ҳарораташон паст шуда барои ташаккули ҷирмҳои фалакӣ шароити мусоиди физикию ХИМИЯВӢ фаро мерасад; моддаи парокандаи кайҳонӣ аз таъсири қувваи ҷозиба ҷо-ҷо ғун шуда охиран ба галактикаҳо ва тарокумҳои онҳо табдил меёбад. Ннҳоят, вазъияте ба вуҷуд меояд, ки алҳол мушоҳида мешавад: галактикаҳо ва системаҳои онҳо бо шаст аз ҳам дур мешаванд, ки аз он «лағзиши сурх» ном падидан астрономӣ дарак медиҳад.
Дар арзи панҷоҳ соли охир нақшаи космогонии Леметр аз чанд ҷиҳат мавриди ислоҳу инкишоф қарор гирифт ва низ бо ҷузъиёти навифизикию астрошомӣ рангинтар шуд.

kayhon
Аз рӯи пешбишии назарияи нисбияти Эйнштейн, қабл аз таркиш модда дар ғояти зичӣ (берун аз ҳама гуна меъёру андозаи физикӣ) буд. Лекин дар физика ҳар як бузурие, ки қимати ададиаш аз ҳад гузашт, яъне ба беинтиҳоӣ расид, аз маъниву мазмуни физикӣ низ холӣ мешавад (математикаро, баръакс, илми беинтиҳоӣ хондан мумкин аст). Аз ин ҷиҳат физикони муосир ҳамаҷиҳата мекӯшанд, ки ба сиришти физикии он ҳолати фавқулзичи материяи кайҳошӣ сарфаҳм бираванд. Нигаред низ Космогония, Сингуларият. А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …