Маълумоти охирин

ТАРКИБОТ

ТАРКИБОТ, маҷмӯи махсуси ҷойгиршавии оҳанг, наво ва таронаҳо дар мусиқӣ. Дар таълифоти илмию назариявии мусиқии асрҳои миёна ин истилоҳро дар шакли ракаба ( ) ба маънии танзим ва мураттабсозии таркиботи мусиқӣ истифода намудаанд.

surud-nota

Дар асрҳои минбаъда моҳияти Таркибот тағйир ёфта, зимни он асари мусиқии муҷаз ва оҳангеро ифода мекарданд, ки на аз рӯи навову низоми маъмули офаридани асари мусиқӣ, балки бадоҳатан, бо санъати баланд суруда, навохта ё тасниф шуда бошад. Дар манбаъҳои мусиқии асрҳои 16—17 асосан оҳангу таронаҳои таркиби «Дувоздаҳмақом»-ро (нигаред нақшаи таркиботи «Дувоздаҳмақом») бо истилоҳи Таркибот ифода намудаанд ва имрӯз низ ба ҳамин маънӣ маъмул аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …