Маълумоти охирин

ТАРЧУМАИ ҲОЛ

ТАРЧУМАИ ҲОЛ, 1) як жанри насри бадеиро гӯянд, ки ба ёддошт қаробат дорад. Агар касе тарҷумаи ҳолашро худаш нависад, автобиография, агар ягон шахс тарҷумаи ҳоли каси дигарро нависад, биография меноманд. Тарҷумаи ҳол дар асоси муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаётл ходимони машҳури илму маданият тартиб ёфта, бо рӯйдодҳоии иҷтимоии замон алоқаманд мешавад. Тарҷумаи ҳоли шахсоии бузург таърихан якранг нест. Дар давраҳои қадим дар Юнон, Рим, Хитой, Ҳиндустои тарҷумаи ҳол бо хаёлоту ёддоштҳо пайванд меёфт. Дар асрҳои миёна дар Европа Тарҷумаи ҳол хусусияти динӣ пайдо кард. Дар давраи Эҳё дар Тарҷумаи ҳол фардияти шахсони таърихӣ равшан намудор шуд. Дар давраи маорифпарварӣ ва баъдтар Тарҷумаи ҳол рӯҳи ҳаётӣ ва танқидӣ гирифт.

book-1

Тарҷумаи ҳол шаклҳои гуногун дорад: академӣ, оммавӣ, бадеӣ, ахлоқӣ ва ғайра. Тарҷумаи ҳоли сарамадони бузурги илму адабиёт, шахсони таърихии халқи тоҷик дар тазкираву рисолаҳо, луғату фарҳангҳо, асарҳои таърихӣ, ёддоштҳо, хотираҳо, асарҳои бадеӣ, дар мероси илмию адабии худи олимон, адибон, санъаткорон, муаррихои ва ғайра ба назар марасад, ки мисоли равшани ин «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино, осори Табарӣ, Хондамир, Муҳаммади Авфӣ, Низомии Арӯзӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҷомӣ, Атоуллоҳи Ҳусаинӣ, Кошифӣ, Носири Хисрав, Саъдӣ, Восифӣ ва дигарон мебошад. Намунаҳои Тарҷумаи ҳоли сохтаро дар чандин қиссаҳо оид ба авлиёҳо ва дар «Абӯмуслимнома», «Тузукоти Тимурӣ» барин асарҳо дидан мумкин аст. Дар адабиёти советии тоҷик тақрибан ҳамаи шаклҳои Тарҷумаи ҳол мушоҳида мешавад. «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худи»-и С. Айнӣ, «Саргузашти ман»-и А. Лоҳутӣ асарҳои тарҷумаи ҳолӣ ба шумор мераванд. Асарҳои санъат, адабиёт, таърих ва ғайра баъзан. хусусияти тарҷумаиҳолӣ доранд. Шоирону нависандагон дар асарҳои ғайритарҷумаиҳолӣ низ баъзе унсурҳои Тарҷумаи ҳолро ҷой медиҳатад, ки бо истилоҳи автобиографизм ном бурда мешаванд; 2) баёни мухтасари хронологиву ҳуҷҷатии воқеоти зин дагиро низ тарҷумаи ҳол мегӯянд.
С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …