Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»(исми пуррааш: «Ал-Комил-фӣ-ин таърих»; бо номҳои «Комил-ут-таърих», «Ал-Комил» ва «Комид» низ меояд), асари Азуддин Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Асир, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин асар аз 12 ҷилд иборат буда, дар он таърихи олам, хусусан таърихи муфассали мамлакатҳои исломӣ аз давраи қадим то соли 1231 баён шудааст. Муаллиф баробари зикри воқеаҳои гуногун дар хусуси пайғамбарону шоҳони зиёд маълумот медиҳад. Ба гуфтаи муаллифи китоб, ӯ дар навиштани он аз асарҳои Балозурӣ, Табарӣ ва ғайра истифода кардааст. Қисми охири «Таърих-ул-Комил» ба вазъияти сиёсии Осиёи Миёна дар давраи ҳуҷуми муғул бахшида шудааст. Азбаски охири ҳаёти Ибни Асир ба давраи ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна иттифоқ афтода буд, у бисёр воқеаҳои дидаю шунидаашро ба асараш дохил кардааст, аз ин рӯ, «Таърих-ул-Комил» аввалли китобест, ки роҷеъ ба ибтидои ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна маълумот медиҳад. «Таърих-ул-Комил» бори охирин соли 1965 дар Бейрут нашр шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …