Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ» тазкираест, ки Мутрибии Самарқанди соли 1627 таълиф кардааст. «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» аз ду силсила (силсилаи дуюм иборат аз якчанд табақа) таркиб ёфта, дар бораи шоироне маълумот медиҳад, ки аз Мовароуннахр ба Ҳиндустон рафта, камол ёфтаанд. Аксари шуарои кашфшуда ҳамзамони муаллифанд ва бо ӯ мулоқот доштаанд; маълумоти ҷамъовардаи муаллиф ба куллӣ наванд. «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» барои омӯхтани эҷодиёти як зумра шоирони форсзабон ва робитаҳои илмӣ адабӣ ва фарҳангии Ҳиндустону Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» бо фани шарқршиноси тоҷик А. Мирзоев соли 1976 бо номи «Нусхаи зебои Ҷахонгирӣ» дар Карочӣ ба табъ расидааст.
Адабиёт: Назиров У. Мутрибии Самарқандӣ, «Мактаби советӣ», 1973. Л. 2.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …