«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари таърихии адиб, мунаҷҷим ва муаррихи асри 12 форс-тоҷик Заҳируддин Абулҳасаи Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ маъруф ба ибни Фундуқ, ки ба таърихи шаҳри Байҳақ (ҳоло шаҳри Сабзавор), шарҳи ҳоли ашхоси номдори он бахшида шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» соли 1168 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст.
«Таърихи Байҳақӣ» барои омӯхтани воқеа ва ҳодисаҳои давраи ҳукмронии Салҷуқиён, хусусан таърихи шаҳри Байҳақ маъхази мӯътабаре мебошад. «Таърихи Байҳақӣ» бо сабки басо душвор навишта шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» солҳои 1938 ва 1966 дар Теҳрон нашр гардидааст.